Моҳи марти соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар рӯзҳои базми наврӯзӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард. Ҳангоми сафари хеш ӯ аз чанд муассисаи таълимӣ боздид намуд, ки яке аз онҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами сеюми шаҳр буд.
Вазир ҳангоми боздид ба ин муассиса баҳои баланд дод, чунки ин муассисаро пештар дар ҳоли харобе дида буд. Ӯ дасти сарвари мактаб Мадина Бобоеваро фушурда таъкид намуд: - Ман бовар дорам, ки ин гулбоғи маърифатро боз ҳам зеботар мегардонӣ.
Мадина, агарчи зодаи шаҳри Панҷакент аст, мактабро дар шаҳри Кӯлоб хатм намудааст, чунки падари хизматчии ӯ Халил Бобоев ва модари номдораш Муҳаббат Бобораҷабова бо амри Ватан барои хизмат ба шаҳру ноҳияҳои гуногун фиристода мешуданд. Мадина пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи таъриху ҷамъиятшиносии ДМТ супорид ва бо хатми ин боргоҳи маърифат муаллимаи таъриху ҷамъиятшиносии таълимгоҳи рақами яки шаҳри Панҷакент таъйин гардид. Дар андак муддат дар дили шогирдон роҳ ёфт ва синфе, ки ӯ роҳбарӣ мекард, пешқадамтарин синфи муассиса ҳисобида мешуд. Чандин шогирдаш дар солҳои аввали кораш дар олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Пас аз чанд сол М.Бобоеваро директори мактаби рақами 34-и шаҳр таъйин намуданд. Дар ин таълимгоҳ вазъ чандон хуб набуд. Гурӯҳе аз ҷӯгибачагон, ки вобаста ба ин мактаб буданд, хоҳиши хондан надоштанд, аз дарсҳо дер мемонданд, ҷиддан ба мактаб кашида шуданд ва дар муддати кӯтоҳе аксари онҳо бо фаъолон баробар шуданд. Муаллимаро ноободии ин муассиса ба ташвиш меовард. Пас аз чанде давутоз оқибат сафоратхонаи Ҷопон дасташро гирифт ва бо грант чил ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо намуд. Бо ин маблағ мактаб пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Муаллима шонздаҳ соли умри худро сарфи ободии ин мактаб намуд. Мактаби мазкур ба яке аз мактабҳои пешқадам мубаддал гардид. Соли 2015 ӯро ба калонтарин мактаби шаҳр (рақами 3) директор таъйин карданд. Шумораи омӯзгорон ва хонандагони ин муассиса хеле зиёд аст. Дар ду баст ба 1556 хонанда, ки ба 50 синф ҷудо мешаванд, 82 омӯзгор, ки ҳамаашон дорои маълумоти олиянд, дарс мегӯянд. Мадина дар се соли фаъолияташ дар ин муассиса симои онро ба куллӣ тағйир дод. Барои хонандагон майдончаҳои зебои футболу волейбол ташкил кард. Фарши ҳамаи 36 синфхонаи мактабро пурра аз нав сохт… Соли равон хонандагони синфи ёздаҳум Сайҳуна Бобокалонова аз фанни химия, Анварҷон Нарзиқулов аз фанни забони хориҷӣ (аз забони англисӣ) ва Дурандеш Баҳриддинов аз фанни география ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоеваро ҳама ободкор меноманд, ки ин эътирофи барҳақ аст.
Исмоил ЗАРИФӢ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр