Нашрияи Омӯзгор

Шеъри ӯ мақбули дилҳост

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ба ашъори Ниҳонӣ тавассути матбуоти даврӣ ошноӣ дорам. Вақте шумораҳои нав-батии нашрияҳои «Минбари халқ”, ‘‘Қонун ва ҷомеа” ва “Тоҷикистон”-ро ба даст мегирам, даставвал ҷӯёи шеъри Ниҳонӣ мешавам, зеро дар чакидаҳои илҳоми ӯ падидаи дигаргунаеро эҳсос мекунам.

Шеъри Ниҳонӣ бозтоби ҳаёти имрӯз аст, тасвири рухдоди ҳаёти қариб 30- солаи мардуми куҳанбунёди мост. Метавон Ниҳониро шоири ватандӯсту ватанпарвар номид, чунки дар сатрҳои шеъраш хонандаро талқин ба ватандорӣ мекунанд ва даъват менамояд, то шукргузори ин марзу бум бошад.

Эътиқод ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷодиёти Ниҳонӣ мавкеи махсус дорад. Ин эътиқод самимист. Даврони Истиқлолро наметавон бе корномаи ин шахсияти таърихӣ тасаввур кард. Шоир бо тасвири тоза, ташбеҳи мувофиқ, сифатчинии асоснок, далели эътимодбахш, талмеҳи тоза, вожаю таркибҳои дилрасу дилнишин дар шеъри самимии “Дар ситоиши Пешвои миллат” мегӯяд:

Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту

меарзӣ,

Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту

меарзӣ.

Ниҳонӣ ба хизматҳои Пешвои миллат дар ҷодаи сулҳу субот, оромии кишвар, ваҳдати миллӣ ва ободкориҳо арҷ мегузорад. Ва ин мазмунро чунон ба риштаи тасвир кашида, ки ҳар калимаю таркиб симои нуронӣ, қалби чун оина пок, афкори ноби Пешворо фарогир аст.

Шоир забони ғанӣ дорад ва мо дар нигоштаҳояш ифодаҳои васфии навро ба мушоҳида мегирем: хати барнома, осудадармонӣ, арсаи номусу нанг, равонбахшанда, гурзгардонӣ, ба танзимовар, ояндадавронӣ… Ин тасвирҳо, дар маҷмӯъ, образи Президента кишварро равшан ба  ҷилва меоранд.

Талаб якпорчагии марзу буми

тоҷикон кардӣ,

Агар гӯям, ки фазлат мазҳари

фардост, меарзӣ.

Муҳаббати шоир ба Ватан, ба Пешво хеле самимист. Шоир фардест, ки  аз ҳидоятҳои неку ватандӯстонаи Пешво рӯҳи тоза мегирад ва ҳозир аст ҳамеша дар паҳлуи Пешво қарор дошта бошад ва ин Ватанро бештар ҳифз кунаду ободтару зеботар гардонад.

Ниҳонӣ  аз ваҳдати миллат шодмон аст. Аз парафшонии Парчами миллӣ  ба илҳом меояд, аз нури Роғун масрур мешавад ва мегӯяд:

Ҳама эъҷозҳо дар рӯйи дунё гар

яқин  бошад,

Фақат як НОБ-и Роғун муъҷиза

зери  замин бошад.

Ё:

Бувад номусу нанги миллати мо ин

муқаддасгоҳ,

Ҳама маҳсули фазли Пешво - марди

матин бошад.

Ситоиши модар, меҳри модар, дилсӯзии модар ва дигар хислатҳои умдаи модар Ниҳониро илҳомбахш мешаванд. Шеърҳои “Модар муътабар”, “Модари омӯзгор”, “Модар фаришта буд”, “Модари ғамхор”, “Модари вологуҳар”, “Модари ҷон”, “Модари меҳрубон”, “Модар, биҳишт” ин гуфтаро собитгаранд.

Фақат фарзанди бономус донад

қиммати модар,

Ки зеби модарон гулгашту боғу

бӯстон бошад.

Ниҳонӣ бар он аст, ки бо гузаштагон бояд бинозему биболем, аммо бо тозакориву навпарастӣ, ба гуфти устод Лоиқ, «Хайёму Ҳофизи дигар созем».

Муҳаққиқони ашъори Ниҳонӣ адабиётшиносони мумтоз А. Маҳмадаминов ва М. Солеҳов зимни баррасии эҷодиёти шоир хулосаи амиқ баровардаанд, ки “Ниҳонӣ ишқу муошиқату отифаро ғолибан меписандад, зеро ин ҳама аз мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёти олам ва хоса адабиёти миллӣ мебошанд”.

Мо ҳамчун мухлиси ашъори Ниҳонӣ аз рӯи ихлос андешае чанд иброз доштем.

Боқӣ қазоват аз хонандагон аст.

 

Усмон Барот,

омӯзгори мактаби №2

ба номи Қутбӣ Киром,

ноҳияи Аӣнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш