Нашрияи Омӯзгор

Дарс дар Саразм

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Ин муаллимаи ситорагарм ва чеҳракушодро дер боз мешиносам. То ҳол табъи ноҷӯри ӯро надидаам. Табассуми латиф ва суханҳои нармаш дили ҳар ҳамсуҳбаташро мафтун менамояд.

Зебинисо Дӯстова бо собиқаи кории сисола дар мактаби рақами 25-и шаҳри Панҷакент фаъолият дорад.

Зебинисо зодаи шаҳри бостонии Панҷакент аст ва  тақдир ӯро ба шаҳраки Суғдиён пайваст.

Ҳангоме ки дар мактаби шаҳр таҳсил мекард, диққати ӯро номгузории муассиса ба худ ҷалб намуд. Он номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Иван Петрович Разинро дошт.

Аз ин рӯ, ӯ паи ҷустуҷӯи корномаи қаҳрамон шуд. Ҳамин сабаб гашту Зебинисо нисбат ба дигар фанҳо таърихро бештар писандид.

Баъди хатми мактаби олӣ  хост, ба пажӯҳиш гаравад, олим шавад, вале ҷангҳои дохилӣ ва рӯзгори нобасомон садди роҳаш гаштанд.

Зебинисо дар чоряки аввали соли равон қарор дод, ки хонандагони синфҳои 5-11-и мактабро ба Саразми бостонӣ барад ва ба онҳо дар Саразм аз таърих дарси амалӣ гузарад. Барои бештар донистани асрори Саразм муаллима ба китобҳои арзишманди Абдуллоҷон Исҳоқӣ ва мақолаҳои рӯзноманигори варзида Турдибой Солеҳзода рӯй овард.  

Рӯзе, ки ман ӯро дар Пойгоҳи бостоншиносии Саразм дучор омадам, муаллима хонандагони синфи 9 «Б»-ро, ки худи ӯ роҳбари синфашон аст, ба экскурсия оварда буд.

Аҳли синф баъди тамошои мамнуъгоҳ ва осорхона дар гирди муаллимаи хеш ҷамъ омаданд ва муаллима ба дарс пардохт.

Ӯ аввал бо чанд савол ба шогирдон муроҷиат кард:

-Саразм чӣ маъно дорад?

Ҳамаи шогирдон даст бардоштанд. Муаллима ҷавоби саволро аз духтараке, ки хеле беқарор буд, пурсид.

-Маънои Саразм сари замин, оғози замин аст.

-Мо ҷашни 5500- солагии Саразмро кай таҷлил менамоем?

-Моҳи сентябри соли 2020, - гуфт дигаре.

-Ин ҷашнро мо бо дастури кӣ таҷлил мекунем?

- Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, -ҷавоб дод хонандаи сеюм.

-Ба ҳафриёти Саразм кӣ сабаб шуд?

-Ашӯралӣ Тайлонов, сокини деҳаи Авазалӣ, ки аз ин мавзеъ табари биринҷеро ёфта буд, -гуфт хонандаи чорум.

-Кӣ ба ҳафриёти Саразм асос гузошт?

-Олими бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқӣ, -гуфт хонандаи панҷум…

Зебинисо чун аз ҷавобҳои шогирдонаш қаноатманд шуд, барои бештар огоҳ шудани шогирдон аз таърихи диёр худ ба нақл пардохт:

- Ин айвонҳои бузург, ки ин ҷо мебинед, қисми шаҳри зери хок хуфтаи Саразм аст, ки бо бозёфтҳои беназири худ мавриди таваҷҷуҳи машҳуртарин марказҳои бостоншиносии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Аз рӯи нақли номзади илми таърих Абдурауф Раззоқов, ҳаёти маданӣ дар Саразм ҳанӯз аз миёнаи ҳазораи чоруми то милод оғоз гардида, беш аз ҳазор сол идома ёфта, баъдан бо сабабҳои гуногун рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат бар ин медиҳанд, ки саразмиён охири ҳазораи сеюми қабл аз милод ба ду самт - ба ғарб, ки баъдан он ҷо шаҳрҳои бузурге чун Самарқанду Бухоро зуҳур кардаанд ва шарқ - ҷониби саргаҳи Зарафшон, рӯ овардаанд.

Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае вуҷуд дошт, ки он аз деҳаҳои ҷудогонаи аз ҳам начандон дур иборат аст. Тадқиқоти солҳои охир нишон дод, ки Саразм  на як қисми деҳаҳои алоҳида, балки як мавзеи аҳолинишини воҳидро ташкил медодааст, масоҳаташ беш аз 100 гектар будааст ва он ҷо зиёда аз 8 ҳазор нафар аҳли ҳунар сукунат доштаанд.

Дар шаҳри бостонии Саразм биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар тарафи ҷанубу шарқӣ ҷой гирифтаанду растаҳои ҳунармандон дар шафати биноҳои маъмурӣ воқеъ будаанд, чунки ин шаҳр оғози шаҳрсозию бунёди ҳунармандист...       Тадқиқоти Саразм, бар хилофи ақидаи бархе аз бостоншиносон, собит менамояд, ки заминаи пайдоиши аввалин шаҳрҳо ҳанӯз аз ибтидои аҳди биринҷӣ оғоз меёбад. Муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки шаҳри  Саразм оғози рукни шаҳрсозист…

Ёдгории Саразм бо махсусияти худ дар байни ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Шарқи Миёна боиси таваҷҷуҳи бостоншиносони мамолики гуногун гардидааст ва онҳо аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта то кунун дар таҳқиқи он иштирок менамоянд. Дар заминаи бозёфтҳои Саразм чандин конфронси илмӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор шудааст.

Соли 1994 олимони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ ба хулоса омаданд, ки ин ёдгории бостонӣ таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад. Инро бозёфтҳо ва таҳқиқоти баъдинаи Саразм низ собит намуданд.  Саразм бо бозёфтҳои нодир, хосатан дахмаи «Маликаи Саразм» бо таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносии ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаи худро соҳиб гаштааст.

Соли 2010 шаҳраки бостонии Саразм бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати Мероси фарҳангии умумибашарии ҷаҳонӣ ворид гардид. Ҳоло, чунон ки мебинем, дар ҳамаи самтҳо корҳои ободонӣ бо суръат пеш мераванд.

Дар охир муаллима супориш дод, ки шогирдон таассуроти сафари худро дар хона рӯи коғаз оранд.

Ин лаҳзаест аз фаъолияти омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №25, ба номи академик Бобоҷон ғафуров Зебуннисо Дӯстова.  

Исмоил Зарифӣ,

 рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш