Нашрияи Омӯзгор

Лафзи асалин

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Имрӯзҳо миёни аҳли илм ва алоқамандон муҳокимаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҷараён дорад.

Забони мо забонест, ки дар васфаш ҳар қадар гӯем, кам аст. Зери мафҳуми забон на танҳо забони як қавм, халқ ё миллат фаҳмида  мешавад, балки ҳастии давлат ва нашъунамои кишваре низ  пеши  рӯ  меояд. Аммо маълум аст, ки на ҳар соҳибзабон соҳиби давлати хеш  мебошад ва на ҳар забон то ба имрӯз омада расида, мақомеро ишғол карданд. Ҳастанд  қавм ё  халқҳое,  ки  забони худро дар масири таърих гум  кардаанд ё  макони бумии хешро аз даст додаанд. Танҳо забону давлат насиби он миллате гаштааст, ки дар гирудорҳои зиндагӣ алайҳи ҳама гуна зиддиятҳо муқовимат карда, забон, давлат ва миллату нажоди худро нигоҳ дошта тавонистаанд.

Забони модарии мо забонест, ки бо он «Авасто» офарида шуда, паёмбар Зардушт ба ҷаҳоне нури маърифат ато кардааст ва «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек»-ро шиору сармашқи мардуми озода намудааст. Таъкид кардааст, ки танҳо бо воситаи андешаи солим, забони хуш ва амали шоиста кас метавонад мушкилотро ҳал намояд. Ҷаҳон бо ин  васила метавонад, тамоми қувваҳои аҳриманиро дар ин олам маҳв созад ва ба гетӣ Сулҳ,  Озодӣ ва Истиқлолро ҳадя намояд. Дар дарсҳо барои баланд нишон додани мақоми забони модарӣ метавон аз нигоҳи худи ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҳарф зад. Чунончи:

-Ман забони Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиям, ки тамоми ҳаёту зиндагии худро барои софу беғубор гаштани ин забон сарф кардаам. То ҷое ки тавонистам, кӯшидам забонро пок нигоҳ дорам, онро аз ҳар гуна калима ва ибораҳои бегонаю барои забондору ватандорон нофаҳмо тоза намоям ва собит созам, ки бо ин забон на танҳо  шеъру ғазал, масалу чистон, қасидаю рубоӣ гуфтан мумкин аст, балки метавон онро забони давлату давлатдорӣ ва рукнҳои асосии як миллат қарор дод. Он забони илм, маориф ва аҳли маънист аст.

- Ман забони Фирдавсии Тӯсиям, ки маҳз бо ин забон «Шоҳнома»-ҳо иншо шудаанд, агарчи то ба имрӯз даҳҳо давлату сарҳадҳои сиёсӣ тағйир ёфтанд, вале «Шоҳнома» ва маъниҳои баланди он боқист, зеро:

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Ва бовар дорам, ки то ҷаҳон ҳаст, ин забону ин давлат боқист!

Моҳтоб АЗИЗОВА,

омӯзгори мактаби №30-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш