Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти бозӣ дар ташаккули тарбияи фикрии кӯдак

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Бозиҳои дидактикӣ дар раванди дарс маҳорати аз якдигар фарқ карда тавонистани бузургӣ, шакл ва ранги ҷисмҳоро дар бар гирифта, вазифаи он инкишофу такмили эҳсос намудани шакл, ҳаҷм ва сарфаҳм рафтан ба моҳияти ашёҳо мебошад.

Намунаи чунин масъулият:

Ба ҳар як кӯдак яктоӣ  пирамида дода, супориш медиҳам, ки дар болои дигар пирамидае, ки рангаш якхела мебошад, аст, онро гузоранд. Мураббӣ ба кӯдакон муроҷиат намуда, ҷавоби онҳоро тасдиқ карда, барои дурусттар муайян намудани андозаи пуфакҳо онҳоро ба ду қатор мегузорад. Баъд мураббӣ дар радифи пуфаки калон пуфаки хурди ҳамрангро мегузорад. Диққати кӯдаконро ба рангҳои ба ҳам монанди пуфакҳо ҷалб мекунад. Мақсади машғулияти имрӯза ба гурӯҳҳо ҷудо кардани ашёи хурду калон, ба ҳам мувофиқ кардани рангҳои онҳо мебошад.

Мураббӣ 2 нафарӣ кӯдаконро бо навбат ба наздаш даъват мекунад. Онҳо пуфакҳои хурдро аз пуфакҳои калон ҷудо мекунанд. Мураббӣ ранг ва ҳаҷми пуфакҳоро мегӯяд. Кӯдакон мустақилона супориши додаи мураббиро иҷро мекунанд. Мураббӣ рафти иҷрои амали кӯдаконро мушоҳида мекунад, агар лозим шавад, маслиҳат медиҳад.

Машғулиятро ҷамъбаст намуда, мураббӣ  қайд мекунад, ки дар машғулияти оянда боз бо пуфакҳо ва пирамидаҳо ё гулҳои ранга кор мекунем.

Бой гардонидани таркиби луғавии  кӯдакон бо калимаҳои «хурд», «майда» «калон» ва ғайра.

Мавод: Пуфакҳои хаҷмашон калон ва хурд.

Мураббӣ машғулиятро бо нишон додани пуфакҳои гуногунранг оғоз карда, аз кӯдакон мепурсад, ки ин чӣ ном дорад? Мураббӣ дар як тараф пуфакҳои хурди сурх, сабз ва зардро мегузорад, дар тарафи дигар пуфакҳои калони рангҳояшон якхеларо мегузорад. Аз кӯдакон мепурсад, ки кадом пуфакҳо калон ва кадомҳоашон хурд аст, боз кадом шаклҳоро дар хотир доред? Мураббӣ ҷавобҳои кӯдаконро пурра карда, шакли чоркунҷаро нишон медиҳад. Баъд 2 нафар кӯдакро ба наздаш даъват мекунад. Ба як кӯдак супориш медиҳад, ки аз байни рангҳои пешниҳодшуда ранги кабудро ёбад. Баъди иҷрои супориш кӯдакон бояд шакл ва ранги онҳоро гӯянд.

 

Дилором Бобомуродова,

ширхоргоҳ - кӯдакистони №117-

«Олуча», ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш