Дар ноҳияи Рашт деҳаи зебоманзари Шаҳринав мавҷуд аст. Аз канори ин деҳа дарёи поку мусаффои Дуоба ҷорист. Ин рӯд заминҳои ташналаби деҳаро шодоб мегардонад.
Омӯзгор Муҳаммадраҷаб Ғиёсов шахси пурдону пуркор ва дилсӯзу ғамхор дар касбу кораш мебошад. Номбурда аз хурдӣ дар дил шавқу ҳаваси омӯзгориро мепарварид. Ҳамаи фарзандони бобои Сайдар ба хондан ҳавас доштанд. Дӯстонаш Муҳаммадраҷабро соатҳо давра гирифта, ба нақлу суҳбатҳои шавқовари ӯ диққат медоданд. Муҳаммадраҷаб соли 1980 ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дохил гардида, соли 1985 онро бо муваффақият хатм намуд. Ин омӯзгори некусиришт фаъолияти кориашро аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и деҳаи Қалъанак ба ҳайси омӯзгори химия оғоз бахшид. Айни замон ӯ дар мактаби № 65 ба шогирдон аз фанни химия дарс мегӯяд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пасоҷангӣ шароит барои таълиму тарбия дар муассиса душвор буд. Дар ин ҳолатҳо ҳам Муҳаммадраҷаб Ғиёсов соате аз таълиму тарбия даст накашид. Бо вуҷуди набудани шароити созгори таълим ва корношоямии бинои муассиса М.Ғиёсов тавонист, ки тамоми ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро ба шогирдон бибахшад, шавқу ҳавас ба таҳсилро дар ниҳоди хонандагон парвариш диҳад. Дар деҳа заҳмату меҳнати ин омӯзгори варзида арҷгузорӣ мешавад. Оилаеро пайдо карда наметавонем, ки орзуи шогирди омӯзгор М.Ғиёсов шудани фарзанд ё набераашро надошта бошад. Ин марди наҷиб дар байни шогирдон ва аҳли ҷомеа обрӯву эътибори хосса пайдо кардааст.
Дар давоми фаъолияти омӯзгории 33 - солааш устод М.Ғиёсев шогирдони зиёде тайёр кардааст. Зумрае аз онҳо Донишгоҳи тиббиро хатм намуда, ба мардум хидмат мерасонанд.
Заҳматҳои омӯзгор Муҳаммадраҷаб Ғиёсов бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шудааст.
Назриддин Солиҳов,
омӯзгор, ноҳияи Рашт
Иловакунӣ
Иловакунии фикр