Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти нимасра

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 Мирзо Кулолов беш аз ним асри умри пурбаракаташро сарфи таълиму тарбияи насли наврас кардааст. Ӯ зодаи ноҳияи Панҷ, парвардаи оилаи фарҳангист.

Падараш, ки ба ҳайси китобдор фаъолият мекард, тавонист фарзанди худро дар рӯҳияи донишдӯстиву китобхонӣ тарбия намояд. Мирзо мактаби ҳаштсолаи зодгоҳро соли 1962 бо муваффақият хатм намуда, барои идомаи таҳсил озими маркази вилоят - шаҳри Бохтар гардид. Бо азму иродаи дучанд ва кӯшишу ғайрати қавӣ таҳсилро дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Бохтар идома дода, моҳи ноябри ҳамон сол барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват гардид. Омӯзишгоҳро соли 1966 сарбаландона хатм намуда, тибқи роҳхат дар мактаби миёнаи №45-и ноҳияи Панҷ ба кор сар кард.

Фаъолияташро дар ин мактаб аз вазифаи муаллими синфҳои ибтидоӣ оғоз намуд ва дар муддати кӯтоҳ худро ҳамчун омӯзгори пешқадаму намунавӣ нишон дод.  Мирзоро ба вазифаи муовини директори мактаб оид ба таълим пешбарӣ намуданд. Дар ин вазифаи масъулиятнок чандин сол бенуқсон хизмат карда, ҳам дар байни ҳамкорон ва ҳам берун аз мактаб обрӯву нуфузи зиёд ба даст овард. Ин буд, ки баъдтар директори мактаб таъйинаш карданд. Дар ин вазифаи масъул муаллим то соли 1984 фаъолият намуд, сипас, бо амри тақдир ба маркази ҷумҳурӣ кӯч баст. Дар пойтахт фаъолияти омӯзгориро дар мактаби миёнаи №45-и ноҳияи Фирдавсӣ оғоз кард. Дар мактаби нав низ фаъолияти густурда дошт. Меҳнати бенуқсон ва пурмаҳсулаш ӯро чандин сол ғолиби озмунҳои ноҳиявии «Омӯзгори сол» ва «Роҳбари синфи сол» гардонданд. Дар баробари ин, синфе, ки ба он роҳбарӣ мекард, соле дар байни тамоми синфҳои ноҳия «Синфи сол» эълон гардид. Ҳарчанд давраи камолот ва беҳтарини зиндагию фаъолияти омӯзгории муаллим М.Кулолов ба солҳои вазнину нобасомони рӯзгор рост омад, ӯ ҳеч гоҳ касбу ватанро тарк накард, баръакс, ба ояндаи неки меҳан бо умед менигарист ва шогирдонро тавассути ҳарфҳои муассир, панду насиҳат ва абёти ахлоқӣ ба рӯзгори дурахшон умедвор мегардонд.

Устод Муҳтарам Кулолов барои хизматҳои шоёнаш бо чандин ифтихорнома ва нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1995) қадрдонӣ шудааст.

Номвари ҚУРБОН,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш