Нашрияи Омӯзгор

Ғолибони «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Дар кӯдакистони навбунёди «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни расмкашии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар доираи тадбирҳо вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, дар он ғолибони даври аввал аз тамоми муасисисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр иштирок намуданд.

Кӯдакон дар расмҳои худ табиати дилфиреби Тоҷикистон, кӯҳу дарё, маконҳои таърихию саёҳатии шаҳрро бо манзараҳои зебову ҷолибаш тасвир карданд. Озмун аз рӯйи шартҳои рамскашӣ дар рӯйи варақ бо мӯқалам, рангҳои обӣ ва дигар намуди рангҳо ва муаррифии расми тасвиршуда баргузор гардид. Дар натиҷа ғолибон муайян шуда, кӯдакистонҳои рақамҳои 1, 6, 12, 18, 29, 37, «Дилоро» сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш