Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамо ба омӯзгорон

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Маркази ҷумҳуриявии методию таълимии назди Вазорати маориф ва илми кишвар як силсила дастуру маҷмӯаҳои тавсиявию методии  навро таҳия ва чоп намудааст, ки ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот дахл дошта, ба мураббиён, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, синфҳои болоӣ, роҳбарони синф, сарварони мактабҳо ва муовинони вай оид ба бахши таълиму тарбия ҳамчун дастёри беминнат хидмат мерасонад.

Дастурҳои методии «Раҳ-намои директор» (мураттибон Ҷӯрахон Исупов, Қурбоншо Абдуллоев ва Тоҳир Давлатов), «Муовини директор оид ба таълим - пешбарандаи раванди таҳсилот» (муаллифон М.Бурҳонов, Б.Ҳайдаров ва Э.Назаров), «Дониши томактабиёнро месанҷем» (тестҳо барои кӯдакони 4-сола), «Ҳалли масъалаҳои геометрияи синфи 11», «Таълими математика барои кӯдакони гурӯҳи дуюми хурд», «Селоби  харобиовар» (дастури методӣ барои роҳбарони синфҳо), «30 машғулият барои инкишофи бомуваффақиятҳи кӯдакон» (қисми I), «Мактаб – махзани дониш» (дастури методӣ  ба ёрии омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ), «Раванди инноватсионӣ дар фаъолияти иттиҳодияи методии омӯзгорони фанни физика» (маводи ёрирасон доир ба фаъолияти иттиҳодияи методии омӯзгорони фанни математика), «Рангамро дарёб» (дастур барои кӯдакони синни хурди томактабӣ), «Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест» (дастури методӣ барои роҳбарони синф, омӯзгорон ва падару модарон), «Шумораҳо: аз 1 то 30» (дастур барои ҷо ба ҷо гузоштани рақамҳои математикӣ, омӯхтану аз худ намудани рақамҳо дар муассисаҳои томактабӣ) ва «Роҳнамо барои омӯзгорони фанни таърих», ки бо кӯшишу заҳматҳои кормандони маркази мазкур ба нашр расидаанд, барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва истифодаи роҳу усулҳои навини таълим мусоидат хоҳанд кард.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш