Хабари хуш шунидан ҳамеша гуворост. Ба дил фараҳ, ба чашм нур, ба тан неру мебахшад ин гуна хабар. Неку гуфтаанд, ки «Булбуло, муждаи баҳор биёр, Хабари бад ба чуғз гузор». Ин ҷо муждаи баҳор муродифи хабари хуш аст.
Тоҷикон ба оне, ки хабари хуш меоварад, дар посух «дар даҳонат қанду асал» мегӯянд ва баръакс бар оне, ки хабари нохуш мерасонад, посухашон «аз даҳонат шамол барад» аст. Табиист, ки ҳама кас ва ҳама ҷо муштоқи паёми накуст ва ба вижа, паёме, ки мерасад аз дӯст ва ё ҳамбаста бо ӯст.
Ҳафтаи гузашта хабари хуше болидарӯҳу шукуфтаҳолам кард. Дӯстон паёмам расонданд, ки аз Русия ба рӯзноманигор ва олими ҷавон Бахтиёри Абдураҳим ҳуҷҷатҳои расмӣ вобаста ба тасдиқи рисолаи илмиаш дастрас шудааст. Яъне, расман эътироф гардида, ки акнун ӯ номзади илмҳои филологист. Бисёр хурсанд шудам, тамоми ҳастиямро ҳисси гуворои ифтихоромехтае фаро гирифт ва дар гӯшаҳои хотираам байте мувофиқ рӯшан шуд: «Ҳар чиз, ки дил бар он барояд, Гар ҷаҳд кунӣ, ба дастат ояд».
…Бахтиёри Абдураҳим дувоздаҳ сол қабл аз ин сафи дӯстони маро мукаммалтару муҳити коргоҳро мунаввартар карда буд. Он ҳангом ӯ аз нашрияи «Радиф-инфо» ба ҳафтаномаи мо – «Омӯзгор» ба кор омад. Дар вазифаи котиби масъул ифои вазифа кард. Маъмулан ба ҳар фарди навкор кормандони дерини коргоҳ як муддате бо як навъ нобоварию кунҷкобӣ менигаранд. Мазмун, чӣ гуна шахсе бошад? Бахтиёр ба мо имкон надод, ки ҳамин «як муддат» сипарӣ шавад. Дар ду – се рӯзи аввали кораш мо «таҳҷоиҳо» зуд дарёфтем, ки ӯ як ҷавони хоксору фурӯтан ва хушмуомилаю истеъдодмандест, фақат андак камсухан. Вазифаашро ҳамчун котиби масъул хеле масъулиятмандона, сари вақт ва ҳамбаста бо тозакорию рангинандешӣ иҷро мекард, аз пурсидан ибо надошт, маслиҳату машваратро меписандид. Ба ман маҳорату диди хоси ин ҷавон дар интихобу гурӯҳбандӣ ва ҷобаҷогузории хабару расми мақолаҳо мақбул афтода буд.
Вақти холӣ, ки меёфт, аксаран ба назди ман (ҷонишини сармуҳаррир) даромада, бо табассум ва андаке шармида мегуфт: - Устод, имкон дошта бошед, каме дар атрофи навгониҳои илму адаб суҳбат бикунем…
Аз нахустсуҳбатҳоямон дарёфтам, ки Бахтиёр як ҷавони бисёромӯхтаву баандеша аст, гаравиши самимӣ ба илму адабиёт дорад, таҳлилу мулоҳизаву хулосаҳояш қавибунёданд.
Соли 2012 буд. Боз як дӯсти хирадмандам, олими маъруф, профессор Зариф Шариф ба ман занг зада гуфтанд, ки ба донишгоҳи мо (он вақт устод ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ буданд) як журналисти зӯру ҷавон даркор. Нашрияи «Омӯзгори ҷавон»-амонро 16 – саҳифагӣ (ҳоло дар чор саҳифа чоп мешавад) карданием ва он бояд моҳе ду ё чор маротиба (ҳоло як маротиба) чоп шавад.
Азми устод хеле писандам омад, чун худ хатмкардаи ҳамин донишгоҳу як навъ шогирди «Омӯзгори ҷавон»-ам. Бидуни дудилагие ба «журналисти зӯру ҷавон» Бахтиёр муроҷиат кардам ва ба саркору эҳёгари «Омӯзгори ҷавон» шуданаш ҳидоят намудам. Чун ба ман эҳтирому бовар дошт, қабул кард ва хоҳиш намуд: «албатта, гоҳ – гоҳ аз ҳолу аҳволи ман хабар мегиред, ба қадри имкон ҳамкорӣ мекунед».
Посухаш додам: - Ҳар куҷое дӯст бошад, як қадам дорем мо.
… Ҳамакнун, соли шашум аст, ки дӯсти хушгилу соҳибдили ман Бахтиёри Абдураҳим дар нашрияи «Омӯзгори ҷавон» ҳамчун сармуҳаррир кор мекунад. Шаш сол боз ин нашрия бо муҳтавои фарогиру ороиши ҷолиб дар ҳаҷми 16 саҳифа моҳе ду маротиба мунтазам чоп мешавад.
Агар ба лаҳни нимшӯхию нимҷиддӣ бигӯем, «амаки ҳамакора» аст Бахтиёри мо; ҳам эҷод мекунад ҳам таҳрир, ҳам котиби масъул асту ҳам саҳифабанд ва ҳам пажӯҳишгар. Ба назарам, барҷастатарин хислати ӯ ба қадри вақт расидан ва аз вақт пурсамар истифода бурдан аст. Хаёлам, огаҳӣ дорад, ки хирадманди маъруфи Аврупо С.Ричардсон таъкид бинмуда: «Ба қадри вақт бирасед; тору пуди зиндагии мо танида аз вақт аст». Дар донишгоҳ чун дарёфтанд, ки ин ҷавон басо соҳибистеъдоду ҳалолкор ва масъулиятшинос аст, боз чанд кори дигарро ба дӯшаш вогузоштанд; масъули табъу нашри маҷаллаҳои «Нав-руста», «Муҳаққиқ», танзимгари бахше аз асноди расмии таълимгоҳ, узви ҳайати муҳаррирони силсилакитобҳои «Китобхонаи донишҷӯ», омӯзгори факултаи филологияи тоҷик… Бо ин ҳама дӯшбори гарон Бахтиёр гӯиё аз доираи муайяни вақташ гоҳ – гоҳе берун рафта, дар муддати начандон зиёд рисолаи илмӣ бинвишт ва охири соли гузашта онро, ки «Муҳтавомандӣ ва гуногунжанрӣ дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ (дар мисоли барномаҳои телевизионии давлатӣ)» ном дошт, таҳти роҳбарии олими ҷавону соҳибистеъдод Илҳомҷон Ҳамидов бомуваффақият ҳимоя намуд. Ба рисолаи илмии ӯ дар радифи олимони номвари кишвар чанде аз пажӯҳишгарони маъруфи доираҳои илмии Маскав ва Санкт – Петербургу Оренбург баҳои баланд доданд…
Бахтиёр муаллифи китоби «Равзанаи хирад», мураттибу муҳаррири теъдоди зиёди дастуру рисолаҳои илмию методӣ ва маърифатист. Китоби олими номвари Эрон Парвиз Нотили Хонлариро бо номи «Баҳс ва таҳқиқи арӯз» ба хати имрӯзини мо баргардон кардаву ба он пешсухани батафсиле навиштааст ва боз азми баргардон кардани чанд китоби дигари барои аҳли таҳқиқу аҳли адаби тоҷик муҳимро дорад…
Дирӯз боз як хабари хуш ва боз ҳам марбут ба номи дӯстам Бахтиёри Абдураҳим фараҳ фарогирам кард; дар ҷамъбасти корномаи солонаи олимони ҷавони ДДОТ ба номи С.Айнӣ ӯ фаъолтарин олими ҷавони сол дониста шудаву соҳибҷоиза гардидааст. Муборакаш бод!
Мутмаинам, ки Бахтиёри ҷавону кӯшову ҷӯё минбаъд низ борҳо таъмингари эҳтиёҷи дилу ҷони мо ба хабари хуш хоҳад шуд.
Абдурауф Муродӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр