Нашрияи Омӯзгор

Чанд лаҳза аз машғулият

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади дар кӯдакон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, дӯст доштани табиат, эҳтиром ба боигариҳои он, пок нигоҳ доштани об ва исроф накардани он дар муҳити оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар кӯдакистон бо кӯдакон бахшида ба мавзӯи об машғулият баргузор намудем.

Машғулиятгоҳ бо овезаҳо бо унвонҳои «Об-манбаи ҳаёт», «Об-рӯшноӣ», «Об - манбаи файзу баракат» сухани шоирон оид ба об ва аҳамияти он, ҳамчунин, навори видеоии манзараҳои дарёи Душанбе,  дараи Варзоб, кӯли Ҷавонон ороста шуд.

Салоҳиятҳо дар машғулият:

-кӯдакон мақсади машғу-лиятро шарҳ дода тавонанд;

-кӯдакон мустақилона кор карда тавонанд;

-ақидаҳои худро ифоданок баён карда тавонанд;

-нутқи шифоҳиро моҳирона истифода карда тавонанд.

Сухани мураббия:

-Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дорои сарватҳои бойи табиӣ буда, яке аз ин сарватҳои пурарзиш об ба ҳисоб меравад. Оби тоза ба мисли нафту газ, маъдану сангҳои қиматбаҳо сарвати бебаҳои миллист ва мо бояд ба қадри ин неъмат бирасему барои тоза нигоҳ доштани он саъю кӯшиш намоем.

Пурсиши водоркунандаи мураббия:

-Обро бештар дар куҷоҳо истифода мебаранд?

Аҳмад:

-Шахс дар тамоми ҳаёти худ бо об сару кор дорад. Обро вай барои нӯшидан, шустушӯй, тайёр кардани хӯрок, обёрии заминҳои кишт ва дигар мақсадҳо истифода мебарад. Об манбаи истеҳсоли неруи барқ, роҳҳои киштигард, ҳаракатдиҳандаи воситаҳои техникӣ мебошад. Инчунин, манбаи истеҳсоли моҳӣ  ба ҳисоб меравад.

Мураббия:

-Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон кадомҳоянд?

Зокир:

-Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон Сир, Зарафшон, Вахш, Бартанг, Панҷ, Варзоб, Кофарниҳон мебошанд, ки оби онҳо ҳам барои нӯшидан ва ҳам барои обёрии заминҳои кишт истифода мешаванд.

Сухани хотимавии мураббия:

-Ифлосшавии об солҳои охир аз боқимондаи партовҳои коммуналӣ ташвишовар аст. Партовҳои ифлоси ба дарёҳо воридшаванда рӯз аз рӯз зиёд мешаванд, ки ин оқибати нохуш ба бор меорад.

-Обро тоза нигоҳ доштан, оқилона истифода бурдани он вазифаи ҳар яки мову шумо ва шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Чунки об асоси зиндагист.

 

 Дилбар АДУҚАҲҲОРОВА,

мураббияи кӯдакистони №89-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш