Нашрияи Омӯзгор

Асоси дарс ҷолиб будани он аст

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Асри XXI ҳамчун асри тараққиёту пешравии илму техника эътироф шудааст. Мавқеи инсон дар идораи равандҳои зиндагӣ пайваста фаъолтар мегардад. Барои азхудкунии кор бо системаҳои мураккаби техникӣ бояд, пеш аз ҳама, фанни физикаро донист.

Омӯзгор дар муассисаи таълимӣ симои асосӣ буда, қалби шогирдонро аз нури маърифат мунаввар мегардонад. Ӯро лозим аст, ки аз дарсҳои қолабӣ худдорӣ намуда, дар заминаи омӯзишу ҷустуҷӯи пайваста аз усулҳои фаъоли таълим пурсамар истифода намояд. Вобаста ба маҳораташ ва муҳтавои мавзӯъ омӯзгор дар рафти дарс метавонад кори гурӯҳӣ ташкил кунад, кори мустақилона супорад, баҳсу мунозира ташкил намояд ва санҷиши хаттию тестӣ гузаронад. Бартарии ин методҳо дар он аст, ки иштироки фаъолонаи ҳамаи хонандагони синфро талаб мекунанд. Ҳатто хонандагони сустхони синф ҳам кӯшиш менамоянд, ки оид ба мушоҳидаҳои худ фикрашонро баён намоянд. Яъне ҷараёни дарс танҳо ба дӯши  омӯзгор бор намешавад ва хонандагон нақши фаъолро дар дарс бозӣ мекунанд, шавқу ҳаваси онҳо нисбат ба дарс зиёд мешавад.

Холнисо

Исматуллоева,

омӯзгори физика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш