Нашрияи Омӯзгор

Таълифоти муфид

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

Китоби “Табиатшиносӣ” (олами атрофи мо), ки аз ҷониби гурӯҳи муаллифони ботаҷриба Н. Қодиров, С. Давлатзода, К. Исоев, И. Абдуллоев, М. Зиёев, М. Табарруков таълиф шуда, ҳамчун китоби дарсӣ барои синфи 3-юми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, соли 2019 дар ҶДММ “Полиграф групп” (дар ҳаҷми 256 саҳифа) чоп шудаасту тарҳу ороиши хеле ҷолиб дорад, аз назари аввал ба мо, омӯзгорон, маъқул афтод.

Ин китоб аз панҷ боб - “Кайҳон ва фазо”, “Инсон ва табиат”, “Асосҳои иқтисодиёт”, “Тоҷикистонро меомӯзем” ва “Омӯзиши маҳалли худ” фароҳам омадааст. Ҳар боб аз миқдори гуногуни соатҳои дарсӣ иборат аст: қисмати якум -16 соат, дувум - 13 соат, сеюм 12 - соат, чаҳорум -16 соат, панҷум - 8 соат.

Дар саҳифаи дувуми китоби “Табиатшиносӣ” нуҳ аломати шартии истифодашаванда оварда шудааст, ки мо, омӯзгорон, дар соати аввал ба шогирдон роҳҳои истифодабарии ин аломатҳои муҳимро нишон медиҳем, зеро онҳо як калиди муҳими дарсазхудкунии хонандагон мебошанд. Дар соатҳои дувум, сеюм ва чаҳорум аз шогирдон дар ҳар дарс истифодаи дурусти ин аломатҳоро  мепурсем.

Дар китоб барои ҳар соати дарсӣ саволу супоришҳо барои ҷалби диққатҳо, аз 2 то 5 расми ранга, луқатҳо, саволу ҷавобҳои тестӣ, хулосаҳои мавзӯъҳо, супоришҳо барои хона, ба саволу супоришҳо ҷавоб гӯед, ки занҷираи муназзами дарсро ташкил медиҳанд, оварда шудаанд.

Дар ҳар панҷ боби китоб корҳои амалӣ дода шудааст, ки миқдоран гуногунанд, вале ҷолибу муфид мебошанд. Барои боби 1 - 12 кори амалӣ, боби 2 - 12, боби 3 - 11, боби 4 - 15, боби 5 - 6 кори амалӣ пешниҳод шудааст, ки ин корҳои амалиро хонандагон бо супориши муаллим дар хона иҷро карда, дар дафтарашон менависанд. Дар қисмати ҷамъбастии чаҳор боби аввал мавзӯи алоҳидаи “Мустаҳкамкунӣ ва ҷамъбасти маводи омӯхташуда” оварда шудааст, ки ин як навъи санҷиши дониши хонандагон мебошад.

Дарси охири боби панҷуми китоб (дарси шасту панҷум) “Дарси ҷамъбастӣ оид ба корҳои лоиҳавӣ” буда, дар ин соат хонандагон бо супориши муаллим маводи ҷамъовардаашонро дар як ҷо ҷамъ карда, мураттаб месозанд. Дарси шасту шашум “Супориши тобистона” унвон дорад ва бо супориш ва нишондоди омӯзгор хонандагон мушоҳидаҳояшонро дар бораи чизҳои дидаашон дар “Дафтари мушоҳидаҳо аз дониши табиатшиносӣ” қайд мекунанд. Дар охири китоб ҷавобҳои 145 саволномаи тестӣ низ оварда шудааст.

Дар маҷмӯъ, китоби “Табиатшиносӣ” (олами атрофи мо) яке аз китобҳои муфид ва босифат аст. Аз рӯи ин китоб дарс гуфтан барои омӯзгорон  ва дарс омӯхтан  баҳри хонандагони синфи 4 ҷолиб ва хушоянд аст.

 

Хуршеда Баҳриддинова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш