Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти рустаниҳои шифобахш

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

Тарбияи экологии хонандагон яке аз вазифаҳои муҳими мактаб аст. Нисбат ба асри гузашта имрӯз тарғибу ташвиқи қадр кардан ва эҳтиёт намудани сарватҳои табиӣ муҳимтар шудааст.

Зеро  рушди босуръати саноати вазнину сабук муҳити зист ва коинотро олуда кард. Аз дуди ғализи корхонаҳои калони саноатӣ ва таъсири марговари партовҳои кимиёӣ садҳо намуд гулу гиёҳҳои табиии дар гирду атрофи шаҳрҳои саноатӣ рӯянда нобуд шуданд. Чунин вазъияти ногувор  ҳар як инсони соҳибдил ва ватанпарастро ба андеша водор мекунад. Ҳарчанд чунин заводҳои калон дар ҳудуди мамлакат ё минтақаи мо сохта нашуда бошанд ҳам, зарари онҳо ба мардум ва табиати мо мерасад. Зеро тавозуни азалан амалкунанда  бо нобуд шудани гулу гиёҳҳо вайрон ва табиат хароб мегардад. Ҳол он ки мо бояд дар як вақт ҳам саноатро тараққӣ диҳему ҳам табиатро ҳифз намоем.

Як бахши муҳими гиёҳҳои ҷумҳурии моро рустаниҳои шифобахш ташкил медиҳанд. Ҳазорсолаҳост, ки пизишкони тавоно аз ин рустаниҳо дорую дармон тайёр мекунанд. Бино бар маълумоти гиёҳшиносон, дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз сеюним ҳазор рустании шифобахш мавҷуд аст. Барги зулф, пудина, бӯи модарон, говзабон, зира, чойкаҳак, зира, ҳулбӯ, камол барои табобати бемориҳои гуногун ба таври васеъ истифода мешаванд. Ин гиёҳҳо дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ ҳифзу парвариш карда мешаванд. Ҷойи таассуф аст, ки бо зиёд шудани саршумори чорвои майда ва ҳанӯз нопухта ҷамъоварӣ кардани ин гиёҳҳо як қисми онҳо ба сарҳади нобудӣ расидаанд. Як роҳи аз нобудӣ эмин доштани рустаниҳои шифобахш пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ – тарбиявӣ дар мактаб ва ҳамаи муассисаҳои дахлдор аст. Хусусан, ба кӯдакону наврасон фаҳмондани арзишу аҳамияти ин гиёҳҳо шарт аст. Дар халқ мегӯянд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Аз ин рӯ, берун аз дарсҳо бо хонандагон доир ба хусусиятҳои шифобахшии гиёҳҳо суҳбат намдан ва онҳоро ба саёҳат бурда бо он рустаниҳо аз наздик шинос кардан бисёр манфиатбахш аст. Гузашта аз ин, бо табибони гиёҳшинос оростани маҳфилҳои иловагӣ ҳам ҷаҳони маънавии шогирдони моро ғанӣ ва ҳисси табиатдӯстии онҳоро зиёд мекунад. Бо далелҳои мушаххас сухан гуфтани онҳо эътимоди шогирдонро ба зарурати ҳифзи он гиёҳҳо меафзояд. Масалан, рустаниҳои машҳур барги зулф ва пудинаро бигирем, ки онҳоро ҳама мешиносанд. Вале аз давобахшандагиашон на ҳама огоҳ ҳастанд. Дар роҳи тарғиби гиёҳҳои шифобахш аз “Гиёҳнома”-и Ибни Муваффақ ва “Канзи шифо”-и Ҳомидҷон Зоҳидов истифода бурдан шарт аст. Дар ҳарду китоб хосиятҳои шифобахшии ҳар як рустанӣ равшану фаҳмо баён гаштааст.

Агар мо имрӯз аз фардои табиати Тоҷикистон ва гиёҳҳои шифобахши он андеша накунем, шояд фардо дер шавад. Дубора дарёфтани тухми рустании нобудшуда ва эҳё кардани он аз қудрати одамизод берун аст.

 

Ҳабиба Раҳмонова,

омӯзгори биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш