Нашрияи Омӯзгор

Ҳусни диёр доғдор набошад

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Табиат хонаи инсон, манбаи зиндагии ӯст. Инсон қадри худ, бахту саодати худро маҳз аз он меёбад. Ӯ аз аввалин рӯзҳои пайдоиши худ бо табиат алоқаи мустаҳкам пайдо карда, сарватҳои онро чун манбаи зиндагӣ истифода мебурд.

Мо, ҳар қадар ки бо табиат дилбастагӣ дошта бошем, онро ҳифз ва захираҳояшро афзун гардонем, саховати он нисбат ба мо хеле зиёд мегардад. Агар онро беист тахриб созем, дар ҷавоб аз табиат ҷазо мебинем. Табиат бо назокату малоҳати худ ба табъу ҳолат ва ақлу заковати инсон таъсир мерасонад. Беҳуда нест, ки хирадманде гуфтааст: «Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст».

Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, солимгардонии муҳити зист вазифаи умумидавлатӣ ва қарзи маънавии ҳар фард мебошад. Муҳофизати табиат яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Одамизод аз замонҳои пеш табиат ва неъматҳои онро муътабар ҳисоб мекард. Аз рӯи фармудаҳои Қуръони маҷид низ одам бояд сарватҳои табииро самаранок истифода барад, ҳифз намояд ва ба доғдоршавии муҳити зист роҳ надиҳад. Вале имрӯз табиати мо ба ғамхорӣ эҳтиёҷ дорад.

Дигар он ки дар муассисаҳои таълимӣ ташкил кардани гӯшаҳои экологӣ, ахбори экологӣ, созмон додани маҳфилу гурӯҳҳои «Нозирони экологӣ», «Мушфиқони табиат», «Меҳру шафқат ба табиат» ва ғайраҳо бисёр муфид аст.

Инчунин,  тавассути радиою симо ва матбуоти даврӣ бо истифода аз «Китоби сурхи Тоҷикистон» ва бо ҷалби мутахассисони соҳибкасбу ботаҷрибаи варзида ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба таълиму тарбияи экологии насли наврас ва тамоми мардуми кишвари азизамон амали самаровар хоҳад буд. Дар аксари мавзеъҳои кӯҳии Тоҷикистон барои ҷамъоварӣ ва сипас, кишти дастии тухми набототи кӯҳӣ мебояд хонандагон ва одамони чашми кордонро сафарбар кард. Зеро дар давоми чандин садсола мо ба табиат он қадар захмҳои муҳлике задем, ки ҳамакнун он ба ёриву мадади одамони худшиносу ғамхор эҳтиёҷи калон дорад.

Бо назардошти ба низоми муайян даровардани ҳолати кабудизоркунии пойтахт бо дастури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ олимони соҳаи набототшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи «Барномаи ободониву кабудизоркунии шаҳри Душанбе» -ро таҳия намуданд, ки тибқи ин консепсия дар шаҳри Душанбе боғҳои нав  бунёд шуданд,  аз ҷумла, Боғи Айнӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Алишери Навоӣ.

Сол то сол симои шаҳри Душанбе дигаргун гашта, мутобиқ ба талаботҳои ҷаҳони муосир биноҳои замонавӣ бунёд карда мешаванд. Ин раванд ба кору пайкори ҳамагон таъсир расонида, масъулияти шаҳрвандии моро баланд мебардорад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Мо бояд, қабл аз ҳама, маданияти шаҳрдориро омӯзем ва ободу зебо нигоҳ доштани пойтахтро вазифаи муқаддаси худ шуморем. Маданияти шаҳрдорӣ ва тозагию ободонӣ аз хона, аз кӯча, маҳаллаву бозор ва корхонаву идораҳо оғоз меёбад».

 Ҳамасола  дар шаҳри Душанбе аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани аксияҳои экологӣ тоза нигоҳ доштани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо  мебошад ва ба ин васила таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба беҳдошти муҳити зист ҷалб карда мешавад. Аҳли ҷомеа, аз ҷумла муаллимон ва  падару модаронро лозим аст, ки дар тарбияи экологии насли наврас фаъол бошанд ва дар ин ҷода мунтазам ҳамкорӣ намоянд.

Саодат Қадамова,           

омӯзгори мактаби № 35-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш