Нашрияи Омӯзгор

Мавзеъҳои дӯстдоштаи ман

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати зебову дилрабо мебошад. Он кӯҳҳои баланд, дарёҳои сероб, дашту теппаҳои зебо, мавзеъҳои таърихӣ ва чашмаҳои шифобахши зиёдеро дорост, ки барои саломатии инсон муфид мебошанд.

Барномаи таълимӣ  аз кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ талаб менамояд, ки мо кӯдаконро бо табиати Тоҷикистон, муҳити атроф шинос намоем. Аммо кормандони муассисаҳои томактабӣ аз набудани дастуру адабиёте, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд, танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона, солҳои охир барои ин зинаи таълим китобҳои олимони соҳаи педагогика Б.Маҷидова ва М. Нарзуллоева аз чоп баромад, ки дар гузарондани машғулиятҳо ба мо кумак мерасонанд. Барои он ки кӯдакон дар бораи муҳит ва экология тасаввуроти аниқ гиранд, мо онҳоро зуд-зуд ба Боғи ботаникӣ, Боғи «Дӯстии халқҳо» ва сайругашт бурда, ба онҳо дӯст доштан ва ғамхорӣ намудан ба табиатро ба онҳо таълим медиҳем. Доир ба ин мавзӯъ машғулиятҳои тарбиявии кушод мегузаронем. Озмуни расмкашӣ дар мавзӯъҳои «Диёри ман», «Шаҳри ман», «Боғчаи ман», «Мавзеи дӯстдоштаи ман» гузаронида мешавад.

Ҳар як педагог бояд донад, ки табиат сарчашмаи пайдоиши донишу таҷриба, маълумот, тасаввурот ва воситаи муҳими инкишофи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва ахлоқии кӯдак ба шумор меравад.

Шинос намудани кӯдакони синни томактабӣ бо табиат, тағйироти он дар фаслҳои гуногуни сол, ҳодисаҳои табиат яке аз воситаҳои муҳими инкишофи ҳаматарафа дар ҳаёти ӯ ба шумор меравад. Тасаввурот аз ин хусус ҷаҳони ботинии кӯдакро бою рангин менамояд. Дар ӯ ҳисси кунҷковӣ оид ба донистани сабабҳои боридани барфу борон, вазидани шамол, раъду барқ, тиру камон, нумӯву тулӯи офтоб, чарх задани замин дар атрофи офтоб, ивазшавии шабу рӯз ва ғайра пайдо мегардад.

Истифодаи дастурҳои методӣ ба мо, мураббиён имкон медиҳад, ки дар давраҳои гуногуни синнусолӣ кӯдаконро ба тағйироти табиати зиндаю ғайризинда шинос карда, тасаввуроти онҳоро дар бораи ҳодисаҳои табиат бой гардонем.

Табиат сарчашмаи боигариҳои моддӣ ва донишҳои илмӣ буда, дар давраи калони томактабӣ воситаи муҳими тарбия, инкишофи фикрӣ ва маърифати экологӣ мебошад. Инкишофи фикрии кӯдакон ҳангоми шиносоӣ бо табиат тақвият меёбад. Барои ташаккулдиҳии тасаввуроти кӯдакон  дар бораи табиати зинда бояд чунин равандҳоро риоя намуд:

-оид ба сабзидан ва парвариши растаниҳо ба кӯдакон маълумот додан;

-ба кӯдакон ироа кардани маълумот оид ба гулу мева ва фоидаю манфиати онҳо ба инсон;

-дар кӯдакон мустаҳкам гардонидани донишу тасаввуротҳо оид ба тарзи зисти парандаҳои хонагӣ, муҳитӣ ва мавсимӣ.

- Васеъ гардонидани сатҳи дониши кӯдакон оид ба ҳайвонҳои хонагӣ, ваҳшӣ, бо таъкиди аломатҳои хоси зоҳирию хислатҳои онҳо. 

- инкишоф додани фаҳмишу дониши кӯдакон оид ба ҳашарот, ки ҳашаротҳо низ як узви ҷудонашавандаи табиат мебошанд.

-ташаккулдиҳии тасаввуроти кӯдакон дар бораи табиати ғайризинда.

Мо, мураббиён, бояд пайваста кӯшиш бар он намоем, ки дар замири кӯдакон ҳисси табиат-дӯстию ватанпарастӣ, худогоҳиву инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, маърифатноку хушахлоқ буданро бипарварем.

Адолат Сайвалиева,

мудири муассисаи таҳсилоти томактабии

№52-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш