Бозиҳои серҳаракат аз бачаҳо чусту чолокӣ, чаққониву ҳушёрӣ, зиракию доно буданро талаб мекунанд. Қисми зиёди бозиҳои халқӣ ба кӯдакони синни хурди мактабӣ хосанд.
Вазифаи муҳими оила, муассисаҳои таълимӣ таъмин ва ташаккули шахсияти кӯдак буда, дар иҷрои ин вазифа бозиҳои серҳаракат мавқеи хос доранд. Бо баробари машғулиятҳои махсус аз фанни тарбияи ҷисмонӣ, бозиҳои серҳаракат воситаи муҳими тарбия, инкишоф ва ташаккулдиҳии маҳорату малакаҳои ҳаракаткунии кӯдакон мебошад.
Боиси таассуф аст, ки аксарияти волидону муаллимон вазифаи асосии давраи синни хурди мактабиро дар омӯзонидан, аз худ кунонидан, ёд додани ҳаҷми муайяни дониш, маҳорату малака ва ҳаҷми муайяни маълумоту тасаввурот медонанд. Бале, ин ақида то андозае дуруст ҳам ҳаст.
Вале хонандаи синфи ибтидоӣ чӣ мехоҳад? Кӯдак майлу хоҳиш ва шавқу рағбати зиёди худро сарфи бозӣ мекунад, ки ин амал то 9-10 солагӣ давом меёбад. Махсусан, бозиҳои серҳаракат дар ҳаёти кӯдак мавқеи хосро ишғол мекунад.
Ҷомеаи имрӯза, пешрафти илму техникаи муосир ба кӯдакон бозиҳои наверо пешниҳод менамоянд, балки воситаи муҳими дилхушӣ, вақтгузаронӣ ва инкишоф додани қобилиятҳои ақлию зеҳнӣ мебошанд. Вале ин бозиҳо бо кӯдакон мисли бозиҳои серҳаракати миллӣ дилхушӣ дода наметавонанд.
Бозиҳои серҳаракат барои кӯдакон талаботи ҳаётии онҳо мебошад. Кӯдак бозӣ карда истода, иҷрои амалҳои гуногунро машқ менамояд. ҳангоми бозӣ иҷрои вазифаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, тандурустӣ таъмин мегардад. Инчунин, бозиҳои серҳаракат сифатҳои ахлоқию ҷисмони хонандаро ташаккул медиҳад.
Бозиҳои серҳаракат якҷоя, гурӯҳӣ ва коллективона мебошад, ки аз кӯдак идроки муносибатҳои фазоӣ, мутобиқкунии амалу ҳаракатҳои худ бо дигарон, муайян намудани мавқеи худ (дар қатор, сафкашӣ муносибатҳои иҷтимоӣ), маҳорату малака ва ғайраҳоро талаб мекунад.
Он бозиҳои серҳаракате, ки барои кӯдакони 5-7- сола тавсия карда мешаванд, муаллим онҳоро дар синфҳои якум ва дуюм низ метавон баргузор намояд.
Бо кумаки бозиҳои серҳаракат омӯзгор метавонад иҷрои вазифаҳои зайлро таъмин кунад: ҳифзи ҷисм ва саломатӣ, дӯстӣ, интизомнокӣ, худдорӣ, коллективӣ, инкишофи луғавӣ.
Муслима Мадаминова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр