Нашрияи Омӯзгор

Омодагӣ ба мактаб марҳилаи муҳим аст

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Таълими ибтидоӣ пояи ташаккули шахсият, таҳкурсии минбаъдаи омӯзиш мебошад ва ҳамчун муайянкунандаи комёбӣ ва нокомии мактаббачаҳои хурдсол дар фаъолияти ояндаи онҳо нақши муҳим мебозад.

Дар курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрӣ дар муассисаи таълимӣ сухан на дар бораи омӯзиши чуқури дониш меравад. Талабаҳо дар ин давра хондан, навиштан ва ҳисоб карданро пурра меомӯзанд, онҳо бо гирду атрофи муассисаи таълимӣ, дохили муассисаи таълимӣ, синфхона, ошхона, долонҳои муассисаи таълимӣ, ҳоҷатхона шинос мешаванд. Бо ҳодисаҳои табиат (борон, барф, шамол), фаслҳои сол (баҳор, тобистон, тирамоҳ, зимистон), ранг, шумора то даҳ шуморидан, каму зиёд карданро меомӯзанд ва бо ҳарфҳо қисман шинос мешаванд. Муаллим шавқу ҳаваси хонандаро нисбат ба муассисаи таълимӣ, таълим, китоб бедор менамояд.

Дар давоми 30 соати курси кутоҳмуддати омодагӣ ба муассисаи таълимӣ хурдсолон, бояд ба омӯзиш пойдевор гузоранд ва чӣ гуна муносибат кардан дар муассисаи таълимиро омӯзанд.

Курси кӯтоҳмуддати омодагӣ ба раванди дарс дар муассисаи таълимӣ фоидаи калон мерасонад:

1. Хонандаҳо бо гирду атроф, долонҳои таълимгоҳ, синфхона шиносанд.

2. Бо муаллим шиносанд.

3. Худро дар синфхонаҳо озод ҳис мекунанд.

4. Бо рохи хона ва муассисаи таълимӣ шиносанд.

5. Аз рӯзи аввали таълим ҳама дар ҳолати омодабош қарор доранд.

6. Аз рӯзи якум дарсҳо пурра гузаронида мешаванд.

7. Ҳам хонанда ва ҳам волидайн чӣ кор карданашонро медонанд.

Барномаи курси кӯтоҳмуддати омодагӣ дар муассисаи таълимӣ (30 соат) бахшҳои зеринро фаро мегирад.

1. Қоидаҳои ҳаракати роҳ.

Мақсад: Шиносоӣ бо қоидаҳои ҳаракати роҳ, чароғак, роҳҳои мошингард ва пиёдагард.

2. Инкишофи нутқ. Омодагӣ ба таълими савод.

Мақсад: Инкишофи нутқи гуфтугӯии кӯдакон, ташаккули маҳорату малакаи муошират бо атрофиён. Шинос намудани кӯдакон бо таълимгоҳ, синфхона, долонҳои таълимгоҳ. Оид ба ҳайвонҳои хонагӣ ва ваҳшӣ маълумот пайдо кардани онҳо. Шиносоӣ бо дафтари хатмайда ва дафтари машқи хат.

3. Шиносоӣ бо муҳити атроф ва ҳодисаҳои он.

Мақсад: Шинос намудани кӯдакон бо табиат, муҳити зист, замин, офтоб, ҳаво, растанию дарахту бутта ва ҳодисаҳои табиат. Додани маълумот дар бораи ашёи маҳсули дасти одамон.

4.Ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ.

Мақсад: Инкишоф додани мафкураи хонандагон оид ба мафҳумҳои одитарини математикӣ. Омӯзонидани муқоисаи ашё. Омӯзонидани ҳисоб дар доираи 10. Шиносоӣ бо катаки дафтар.

5. Тарбияи ҷисмонӣ.

Мақсад: Инкишофи ҷисмонии кӯдакон. Омӯзонидани сафкашӣ. Ташаккули ҳисси шунавоии кӯдакон ба сигнали омӯзгор, маҳорати бо сигнали омӯзгор иҷро кардани ҳаракатҳо.

6. Расмкашӣ.

Мақсад: Инкишофи маҳорату қобилияти эҷоткории кӯдакон дар ҷараёни машғулиятҳои расмкашӣ, гулмонӣ ва суробсозӣ. Васеъ гардонидани тасаввурот кӯдакон оид ба ашёе, ки тасвир мекунанд ё месозанд.

 

Лола Авезова,

муовини директори

мактаби  №24-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш