Нашрияи Омӯзгор

Маҳфили физикӣ ва рушди зеҳнии хонандагон

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаи таълимӣ  ба таври маъмул таълиму тарбия ба гунаи пайваста ва омехта роҳандозӣ мешавад. Агар тарбия мукаммал набошад, таълим пурра буда наметавонад ва баръакс. Аксари мактабшиносон дар ин раванд ба тарбия афзалият мебахшанд.

Дар мактаб, илова бар ин ки ҳар як дарс ҷиҳати тарбиявӣ дорад, вобаста ба ин масъала чорабиниҳои зиёде амалӣ карда мешаванд. Қисми зиёд ва бештар таъсирбахшу пурмуҳтавои ин чорабиниҳо  машғулиятҳои беруназсинфию беруназмактабӣ мебошад, ки дар он мавзӯъҳои гуногун нақши муҳим доранд. Дар чунин маҳфилҳо одатан баҳсҳои тӯлонӣ, мухолифати афкор ба миён меояд ва фаҳмишу хулосабарориҳо гуногун мешавад. Дар заминаи ҷамъбасту таҳлили омӯзгор  хонандагон сари як фаҳмиши дуруст ва комил қарор мегиранд. Ҷаҳонбинии хонандагон, рушди маънавии онҳо, нутқи шифоҳиашон инкишоф меёбад. Омӯзгор бояд мавзӯи мубоҳисаро дуруст ва ҳадафмандона интихоб намояд. Дар раванди супоришҳои хонагӣ, маълумоти дар рафти дарс ҳосил кардаи хонандагон такмил дода мешавад. Омӯзгор вобаста ба ҳар як мавзӯъ тайёрии пухта дида, барои дарс асбобҳои аёнии заруриро (як ё ду намуд) ва ба хонандагон пешниҳод менамояд. Истифодаи васоити аёнӣ дар дарс вақтро сарфа карда, ба муаллим ёрии калон мерасонад.

Агар дар муассиса маҳфилҳои фаннӣ амал кунанд,  омӯзгор бояд аз рӯи нақшаи тартибдодааш бо муаллимони физика ҳамкорӣ намуда, хонандагонро ба маҳфил ҷалб  намояд. Дар мактаб аз рӯи нақшаи додашуда ҳафтае як маротиба дарс гузаронида мешавад. Агар дар муассиса маҳфили физика ташкил карда шавад, мумкин аст, ки сафи ҳавасмандон зиёд шавад, барои ҳамин мудири озмоишгоҳ ё омӯзгори фаннӣ якҷо  аз рӯи нақшаи корӣ доир ба ҳар як боб, ки аз синфи 7 то синфи 11-ро дар бар мегирад, дарс мегузаранд. Агар мо аз физикаи синфи 7 мавзӯи «Кор ва тавоноии энергия»-ро гирем, он аз 11 мавзӯъ иборат мебошад. Масалан, зери калимаи «кор» мо ҳар гуна меҳнати фоиданокро мефаҳмем.

Ҳангоми бардоштани санг бо таъсири қувваи мушакҳои даст кори механикӣ иҷро мешавад. Қувва бошаду, кӯчиш набошад, кор иҷро намешавад. Кори механикӣ ҳамон вақт иҷро мешавад, ки ба ҷисм қувва таъсир кунад ва ҷисм ба ҳаракат дарояд. Механизмҳои содаро аз замонҳои қадим инҷониб, инсон барои иҷро кардани   кори механикӣ истифода менамоянд. Механизмҳои содаро дар асбобҳои рӯзгор, мошинҳои мураккаби заводу фабрикаҳо дидан мумкин аст.

Масалан, ҷисме, ки нисбат ба замин бардошта шудааст, дорои энергияи потенсиалӣ аст, зеро энергияи ҷисм ба вазъияти байниҳамдигарии он ба замин ва ҷозибаи байниҳамдигарии онҳо вобаста аст. Дар синфи 10 васеътар бо тавоноӣ, энергия, энергияи потенсиалӣ, энергияи кинетикӣ ва қонуни бақои энергия шинос мешавем. Тасаввур кардан мумкин аст, ки бе иштироки қувва ҷисм ҳаракат намекунад, дар ин маврид кори механикӣ иҷро намешавад. Бе таъсири қувва ба ҷисм ҳам кор иҷро намешавад. Агар дар рафти дарс доир ба ин мавзӯъҳо асбобҳои аёнӣ майлу таваҷҷуҳ пайдо мекунанд. Агар мо дар синфи 8 ҳодисаҳои энергияи магнитиро омӯзем, дар синфи 9 он боз ҳам васеътар омӯзонда мешавад. Агар ҳар ҳафта доир ба ҳар як боб ба хонандагон дарс гузарем, аллакай хонандагони синфи 10 ва 11 медонанд, ки дар синфи 8 мо ба ин мавзӯъҳо шинос будем. Барои хонандагонро ба маҳфил ҳавасманд кардан, баъди ҳар як боб бояд корҳои лабораторӣ ва дарсҳо бо асбобҳои аёнӣ гузаронида шавад, то хонандагон донанд, ки воқеан ин гуфтаҳо дуруст мебошад.

 

Бегалӣ Шарифов,

омӯзгори физикаи мактаби №21, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш