Нашрияи Омӯзгор

Биё, биншин, шунав овози тоҷик…

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Садриддин Айнӣ аз соли 1891, яъне дар 13-солагӣ ба навиштани шеър оғоз кардааст. Сараввал устод бо тахаллусҳои Сифлӣ, Муҳтоҷӣ ва Ҷунунӣ шеър мегуфта, вале баъди чанде ба худ меандешад, ки ӯ пастфитрат, муҳтоҷу девона нест, пас чаро ин гуна тахаллус дош-та бошад. Баъд аз ин ӯ барои худ тахаллуси Айниро  интихоб намудааст.

Ба парда то ба чандин рози тоҷик,

Биё, биншин, шунав овози тоҷик.

Чу қумрӣ месароям нағма, чунки

Гирифторам ба сарви нози тоҷик…

Шеъри машҳури  ӯ бо номи «Гули сурх» соли 1895 эҷод шудааст, ки дӯстдорони зиёде дорад.

Бар асари ҷанги аввали ҷаҳон дар Бухоро таъқиби аҳли зиё ва рӯшанфикрон авҷ мегирад ва устод Айнӣ аз Бухоро ба Қизилтеппа рафта, дар корхонаи пахта ба кор медарояд. Сипас,  ӯ ба шаҳрҳои Самарқанд, Хуҷанд ва Фарғона сафар  мекунад. Баъди Инқилоби Россия дар сохтори давлатдории Бухоро таҳаввулоти ҷиддӣ рӯй дод. Дар ин давра пайравони равияи ҷадидия дар Бухоро мавриди таъқиб қарор гирифтаанд. Устод Айнӣ, ки муддате аъзои ин равия буд, аз тарафи мақомоти Аморати Бухоро дастгир ва ба задани 75 чӯб маҳкум мегардад. Баъдан ба зиндон партофта мешавад.  Ӯро аскарони сурх аз зиндон озод менамоянд.

Гуфтан зарур аст, ки падари устод Айнӣ пеш вафоташ ба ӯ васият намуда буд: «Писарам, хон, вале мулло нашав, қозӣ нашав, мударрис шавӣ, майлат».  Асли мақсад аз мулло гуфтани падари Садриддин Айнӣ муллоҳои мутаассиб мебошанд, ки он замонҳо ба халқ зулм мекарданд. Устод Айнӣ бар асоси васияти падараш ҳама вақт бо муллоҳои мутаассибу  хурофотпараст ва бесавод мубориза бурдааст. Аз ҷумла, дар повестҳои «Мактаби куҳна» - образи мактабдор ва дар «Марги судхӯр» - образи Қорӣ ишкамба  аз  намояндагони ҳамин табақа мебошанд.

Соли 1951 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳо таъсис дода мешавад, ки  роҳбарии онро ба устод Айнӣ месупоранд. Аз ин рӯ, ӯ зуд-зуд ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) меомад. Сад-риддин Айнӣ пас аз баргузории конфронси илмӣ бахшида ба забони тоҷикӣ аҳволаш бад гардида, дар бӯстонсарои ҳукуматӣ бистарӣ мегардад ва 15-уми июли соли 1954 вафот мекунад.

 

Умаралӣ Абдуллоев,

директори мактаби №30-и

ноҳияи Муъминобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш