Илми биология бо калимаи «био», ки маънои ҳаётро дорад, ҷиддан пайваст мебошад. Бисёр бахшҳои ин илм маҳз бо ҳамин калима пайвандӣ доранд, яъне яке аз ҷузъҳои асосии ҳар бахши илми биология калимаи мазкур маҳсуб меёбад.
Худи илми биология ҳам аз калимаи «био» (ҳаёт) ва логос (илм) таркиб ёфтаасту илм дар бораи ҳаёт гуфтан мебошад. Ҳангоми таълими фанни биология ба хонандагон тавзеҳ бахшидани ин нукта ҷолибу мароқовар хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳоло чанд бахши таркибии илми биологияро, ки бо калимаи «био» ҳамбастагӣ доранд, ба таври умумӣ шарҳ медиҳем.
1.Биоакустика. Яке аз бахшҳои биология. Овозҳои ҳайвонот ва ба туфайли овоз байни ҳам робита барпо кардани ҳайвонотро меомӯзад. Муқаррар шудааст, ки ҳамон ҳайвоноти муҳрадори хокӣ дар овозбарорӣ аз воситаҳои нафаскашӣ ва садопардаҳояшон истифода мебаранд. Моҳиҳо бо ёрии пулакча ва ҷоғҳояшон садо баланд мекунанд. Алоқа ба воситаи овозҳо, махсусан, дар парандаҳо рушд ёфтааст.
2. Биогелминтҳо. Ин гурӯҳи кирмҳои паразитӣ мебошад, ки дар дохили организми ҳайвоноти гуногун ва баъзан дар ҷисми одамони болиғ вуҷуд доранд. Аз биогелминтҳо одамон маъмулан ҳангоми истеъмоли гӯшти нимпухта сироят меёбанд.
3.Биогенез. Ин як навъ назарияест, ки аз материяи ғайризинда пайдо шудани мавҷудоти зиндаро дар рӯйи замин инкор мекунад.
4.Биогеография. Илм дар бораи паҳн шудани биосенозҳои гуногун, инчунин, рустанӣ, ҳайвонот, микроорганизмҳоро дар рӯи замин чунин меноманд. Биогеография аз бахшҳои географияи организмҳо ва географияи ҳайвоноту наботот иборат аст. Биогеография заминаи назариявии истифодаи оқилонаи захираи набототу ҳайвонотро тавсиф мебахшад.
5.Биогеотсеноз. Маҷмӯи наботот, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, ки дар мавзеъҳои гуногуни замин арзи ҳастӣ кардаанд. Зиндагии инсонҳо бо биогеотсеноз вобастагии ҳамешагӣ дорад. Қонуниятҳои ҳаёт ва инкишофи онро бидуни омӯзиши биогетсеноз донистан душвор аст.
6. Биокимиё. Ин бахши илмро кимиёи биологӣ низ мегӯянд ва он таркиби организмҳои зинда, тарзи дар онҳо ҳосил шудан ва аҳамияти биологию физиологии модаҳои кимиёиро меомӯзад.
7. Биогидроакустика. Садоҳоеро, ки мавҷудоти дохили обҳо мебароранд, меомӯзад. Садоҳое, ки ин мавҷудот мебароранд, гуногун буда, вазъи онҳо, робитаи байни онҳоро ифода менамоянд. Биогидроакустика дар амалиёти рӯиобию зериобии киштиҳо ва флотҳои баҳрӣ аҳамияти муҳим дорад ва аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони алоҳида омӯхта мешавад. Барои омӯзиши узвҳои мавҷудоти обӣ ин бахши илм мададгор аст. Ҳамчунин, бо истифодаи калимаи «био» мафҳумҳои дигари марбут ба фанни биология-биогеокимиё, биолит, биомасса, биолокатсия, биометрия, биометеорология, бионавигатсия, биоонтика, биополимерҳо, биопсия, биосинтез, биосфера, биотип, биофилтр… ифода карда шудаанд.
Шодигул Муродбекова,
омӯзгори мактаби №38-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр