Нашрияи Омӯзгор

Дар дарозои асрҳо

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Ҳар илм таърихи худро дорад ва ин ҳақиқати маъмул аст. Оид ба таърихи фанҳои алоҳида китобҳои пурмуҳтавои рангину муассир ва хеле маърифатбахш навишта шудаанд.

Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» низ оид ба таърихи чанде аз фанҳои таълимӣ мақолаҳои ҷолиб ба  нашр расиданд, ки аз онҳо муаллимони кишвар, албатта, баҳрабардорӣ менамоянд.  Илми биология низ таърихи ба худ хосеро дорост. Марҳилаҳои аввали  пайдоишу  рушду ташаккули ин илм ба давраҳои томилодии таърих пайвастагӣ доранд ва ба иртиботи инсон бо муҳити зист ва мавҷудоти дигари биологӣ асос меёбанд. Олимони Мисри Қадим, Юнони Қадим, Ҳиндустону Хитой, Сурияи Қадим… дар рушди илми биология ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Донишмандони  аҳди қадим Арасту ва Ҷолинус барои такомули ин илм кӯшишҳои пурсамар доштаанд. Масалан, ба  тасдиқи сарчашмаҳо, Ҷолинус  сохти дарунии маймун ва хукро омӯхта, дар ин замина сохти дарунии организми инсонро тасвир кардааст. Давраи тараққиёти  бештари биология ба асри 15 рост меояд. Аҳли илм бар он назаранд, ки асоси илмии фанни биология бо арзи ҳастӣ кардани назарияи Чарлз Дарвин гузошта шудааст. Чунонки медонем, ин олими маъруф мафҳумҳои пайдоиши намудҳо, тағйирпазирии ирсӣ, мубориза барои ҳаёт ва интихоби табииро шарҳ дода, дар биология таҳаввулот ба вуҷуд овард. Бо кашфиётҳои барҷастаю муҳим ва ҳайратовари худ дар доираи илми биология олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ А.О.Ковалевский, И.Л.Мечников, И.В.Сеченов, И.В.Мичурин, К.А.Тимирязев… ба ҷаҳиши бузург дар ин илм муваффақ шудаанд.

Дар пешрафти илми биология олимони тоҷик низ ҳиссагузорӣ намудаанд. Тавассути баъзе таҷрибаву таҳқиқот ва ба василаи осори илмии безаволашон донишварони беҳамтои тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ, Носири Хисрав… чанд ҷанбаи муҳимми илми биологияро такмил бахшидаву шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтаанд. Як олими тоҷик бо номи Абӯҳанифаи Диноварӣ дар асараш «Китоб-фи-набот» роҷеъ ба табиату инкишоф ва парвариши  482 навъи рустанӣ маълумоти муфассал ва илмӣ додааст. Мегӯянд, ки аз ин миён 50 рустании тавсифбахшидаи олими мазкур ҳатто ба гиёҳшиносони  Юнони Қадим маълум набудааст. «Китоб-фи-набот» тақрибан солҳои 850-855 ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст. Закариёи Розӣ, ки дар радифи барҷастатарин донишварони классики тоҷик қарор дорад, бисёр рустаниҳои шифобахшии аҳди худро тавсиф бахшидааст. Олимони маъруфи тоҷик  Абӯмансури Муваффақ тақрибан 500 намуди рустанӣ ва Абӯрайҳони Берунӣ беш аз 750 намуди рустаниро мавриди таҳқиқ қарор додаву перомуни онҳо мулоҳизаҳои муҳими  илмӣ иброз доштаанд.

Дар китоби  бузурги «Ал-Қонун…» Абӯали ибни Сино дар бораи тамоми рустаниҳои  табиати замонаш (беш аз 1000 намуд) маълумоти ҷолибу дақиқ пешниҳод намудааст.

Китобҳои «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Ихтиёроти бадеӣ», «Тибби Юсуфӣ», «Тибби Акбарӣ», «Дастур-ул-илоҷ» ва монанди  инҳо, ки аз ниёгонамон то замони мо расидаанд, ҳар яке дар такомули илми  биология нақши шоиста гузоштаву мавриди омӯзишу баҳрабардории олимони сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Дар даврони  соҳибистиқлолии Тоҷи-кистон барои пешрафти фанни биология имконоти бештар фароҳам омад.  Месозад, ки ҳар чӣ зудтар китоби «Таърихи биологияи тоҷик» навиштаву ба нашр расонда шавад.

 

Шарифамоҳ Шарифова,

омӯзгори биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш