Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиш дар кайҳон

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Дорои аҳамияти муҳим будани фанни биология ва мавқеи махсуси он дар силки илмҳо аз тавсифи кӯтоҳи он низ маълум мешавад: биология илмест, ки ҳаётро меомӯзад.

Мавзӯи асосии таҳқиқи ин фан фаъолияти мавҷудоти зинда, пайдоиш, паҳншавӣ, инкишоф ва алоқаи онҳо бо табиати ғайризинда мебошад. Илми биология дар шинохти инсон ва муайянсозии мавқеи ӯ дар табиат аҳамияти бағоят бузург дорад. Биология дар таркиби худ бахшҳои ботаника, зоология,   микробиология, гидробиология ва монанди  инҳоро фаро мегирад. Ин илми ҳаётан муҳим чун кулли илмҳои дигар марҳилаҳои рушду такомул, таърихи рангини худро дорост. Вобаста ба ин марҳилаҳо шохаҳои тоза ба тозаи биология арзи ҳастӣ кардаанд. Яке аз бахшҳои навин ва басо ҷолибу пураҳамияти илми биологияи муосир, ки таваҷҷуҳи олимон ва пажӯҳишгарони зиёдеро ҷалб намудааст, биологияи кайҳонӣ ном  гирифтааст. Ин мафҳуми дар назари аввал аҷиб дар дарозои асри 20 ба фанни биология замима гардидааст.

Биологияи кайҳонӣ ҳамчун як  соҳаи муосиру тозападиди илми биология ҳаёти организмҳои заминиро дар шароити фазои кайҳон ва ҳангоми парвоз дар киштиҳои кайҳоннавард, инчунин, шабакаҳои биологии таъмини ҳаётро дар киштиву пойгоҳҳои кайҳонӣ меомӯзад. Вобаста ба муҳити фаъолият ва самту ҷабҳаҳои омӯзишаш биологияи кайҳонӣ робитаи устувор бо фанҳои  астрономия, геофизика, радиоэлектроника ва аэронавтика дорад.

Вазифаҳои асосии биологияи кайҳонӣ омӯзиши таъсири омилҳои парвози кайҳонӣ (маҳдудияти ҳаракат, бевазнӣ, суръат…) ва фазои кайҳонӣ (радиатсия, вакуум…) маҳсуб меёбад. Таҷрибаҳое, ки ҳангоми парвоз вобаста ба талаботи илми биология баргузор карда  мешаванд ва зимни ин таҷрибаҳо маҷмӯи таъсири омилҳои  муҳити беруна ба ҷисми зинда омӯхта мешавад, барои такмили биологияи кайҳонӣ ва дар маҷмӯъ, барои кашфиётҳое муҳим бо ҳадафҳои гуногун аҳамияти хоса доранд. Даври аввали таҳқиқоти кайҳонии ҳамбаста ба биология дар ду кишвари рушдёфта - собиқ ИҶШС ва ИМА  солҳои 1940-1950 баргузор карда шудааст.

Зимни парвозҳо ба кайҳон ҳамроҳ бо кайҳоннавардон саг, маймун, муш ва чанд ҳайвони дигар ба кайҳон баровардаву зери назорату таҳқиқ гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар ин замина таъсири биологии афканиши кайҳонӣ ба ҳайвонот омӯхта шуд.

Парвозҳои таҷрибавии физиологӣ, биокимиёӣ ва генетикӣ дар ашёи гуногуни биологӣ, чун тухмӣ, рустаниҳои гуногун, қурбоққа, ҳашарот, ширхӯрҳо… роҳандозишуда имкон фароҳам овардаанд, ки таъсири  ҷирмҳои кайҳонӣ ба ашёи биологӣ пас аз парвоз омӯхта шавад. Дар асоси парвозҳои тӯлонӣ ва таҳқиқоти бардавоми биологӣ дар фазои беҳудуд муқаррар гашт, ки одам дар шароити парвози кайҳонӣ ба муддати тӯлонӣ фаъолияту зиндагӣ карда метавонад. То охирҳои асри 20 дар шароити кайҳон ба василаи парвозҳои тӯлонӣ беш аз 60 намуди микроорганизмҳо омӯхта шудааст.

Биологияи кайҳонӣ ҳамчун як бахши муҳим ва хеле ҷолибу дорои имконоти фаровони фанни биология, бешубҳа, минбаъд боз хам рушд кардаву ба кашфиёти падиду пураҳамият ноил хоҳад гашт.

Муҳаббат Додоҷонова,

омӯзгори биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш