Нашрияи Омӯзгор

Омодагии омӯзгор ба дарс

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

Фаъолияти омӯзгор хеле доманадор ва гуногунҷабҳаву масъулиятбор аст. Омӯзгор дарс медиҳад, маҳфилу ҳамоишҳо меорояд, ба такмили ихтисос машғул мешавад, рӯзномаву маҷаллаҳоро варақ мезанад, китоб мехонад, бо волидон робитаро устувор нигоҳ медорад, дар ҷамъомадҳои расмии мактаб ширкат меварзад, бо хонандагони алоҳида суҳбатҳо мекунад, ба корҳои умумию ташкилии таълимгоҳ иштирок менамояд, маърӯзаву гузоришу мақолаҳо таҳия месозад ва ҳазору як ташвишу гирумони дигар. Аз ин ҷост, ки пешаи омӯзгориро пурмашаққат, вале ифтихорӣ гуфтаанд. Ин ҳама фаъолияти фарогиру заҳматталаби омӯзгор бештар ба таъмини таълиму тарбияи шоиставу самарбори шогирдон нигаронда шудааст. Омӯзгор мекӯшад, ки аз ягон ҷиҳат фаъолияташ номукаммалу коста набошад, зеро барои ӯ шарафу нангу номус, поси эътибормандии пеша аз ҳама омилҳои дигар авлотаранд…

Дар миёни кулли гирудорҳои омӯзгор як амали муҳим дар мавқеи аввал қарор дорад: омодагӣ ба дарсҳо. Дарс, маълум, ки инъикосгари муҳтавои фаъолияти омӯзгор мебошад. Агар ба шоир аз мутолиаи шеъраш баҳо диҳанд, пас инъикосгари мақому мартаба, сатҳи маҳорату малакаи омӯзгор маҳз дарс мебошад. Як дарс, ки ҳамагӣ 45 дақиқа идома меёбад, омодагиеро тақозо дорад, ки шояд 3-4 соат ё беш аз ин давом кунад. Дарси хуб омодагии хубро тақозо дорад, дарси хуб ҳам боиси қаноатмандии худи омӯзгор мешаваду ҳам ҷаҳонбинии хонандагон, доираи маърифати онҳоро ба маротиб густариш мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд, ки як дарси хуб мазмуни як асарро дорад.

Омодагии омӯзгор ба дарси навбатиаш аз лаҳзаҳои аввалини хатми дарси ҳамин ҳоло баргузорнамудааш ибтидо мегирад. Барои омодагӣ ба дарси навбатӣ омӯзгор чунин амалҳоро ба сомон мерасонад: нақшаи таълимиро аз назар гузаронида, мавзӯи дарсро муайян месозад ва перомуни он ба андеша меравад, муҳтавои мавзӯъро дар хотир равшан мекунад, муқаррар менамояд, ки чӣ гуна адабиёти илова, сарчашмаҳо ва мақолотро дастрас бояд кард, кадом аёниятҳоро таҳия ё омода бояд намуд, дар китоби дарсӣ мавзӯъ то ба кадом дараҷа шарҳу баён ёфтааст, кадом калидвожаҳо ва истилоҳоту луғатҳои душворфаҳм мавҷуданд  (дар баёни мавзӯъ), дар ин дарс аз кадом методҳои таълиму тарбия истифода бурдан мувофиқтар аст, кадом лаҳзаҳои дарсро чӣ гуна баргузор кардан беҳтар хоҳад буд, бо сустхонҳо ба чӣ тариқ мавзӯъро фаҳмонд, оё зарурат ба истифодаи воситаҳои техникии таълим ҳаст, ба кадом нуктаҳо бештар эътибор бояд дод, чӣ тавр ҷанбаи тарбиявии дарсро муассир сохт, чӣ бояд кард, то дарс дилгиру қолабӣ нашавад ва шогирдон фаъол бошанд ва амсоли инҳо.

Илова ба ин, омӯзгори масъулиятманд барои омодагӣ ба дарс ва посухҷӯӣ ба нуктаву шартҳои дар боло зикршуда бо ҷонишинони директори мактаб, бо омӯзгорони соҳибтаҷрибаю пешқадам, бо устодони фанҳои дахлдор маслиҳатҳо меорояд, ҳамкорӣ мекунад…

Ин ҳама як тавзеҳи умумии омодагии омӯзгор ба дарс аст ва иловатан боз ташвишҳои дигаре ҳастанд, ки боиси боз ҳам мукаммалтар гардидани дарси омӯзгор мешаванд…

Оре, дарси хуб дарси пурмуҳтавои муосир фаъолияти фарогир тақозо дораду омодагии ҷиддию ҳаматарафа. Дар ин боб хуб фармудаанд: 

Бе азми дурусту саъйи комил

Касро нашавад мурод ҳосил.

 

Нигора Сулаймонова,

ҷонишини директори

мактаби №55-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш