Нашрияи Омӯзгор

Забономӯзӣ – омили пешрафт ва рушди тафаккур

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Дар замони ҷаҳонишавӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим ба ҳисоб рафта, он барои омӯзишу мутолиаи осори арзишманди адибони ҷаҳонӣ ва кору фаъолияти пурсамар барои наврасону ҷавонон имконоти мусоид фароҳам меоварад. Хушбахтона, дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистн баҳри забондону забономӯз гардидани насли наврас барномаҳои давлатӣ қабул кардааст. Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забономӯзии хонандагон таваҷчуҳ намуда, зикр намуданд: «Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем».

Омӯзиши забони русӣ тавре бояд роҳандозӣ гардад, ки шавқу рағбати хонандаро бедор намояд. Барои ин омӯзгорро мебояд ҳангоми баргузории дарсҳо танҳо бо забони русӣ такаллум намояд, зеро яке аз роҳҳои забономӯзӣ муоширати пайваста аст. Ҳар қадар хонанда бо забони русӣ сухан гӯяд, ҳамон андоза нутқаш инкишоф меёбад. Таҷриба нишон медиҳад, ки агар омӯзгорон дар дарс аз диалогу монолог ва дигар усулҳои шавқовар истифода намоянд, хонанда ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ робитаи бештар пайдо мекунад. Манбаи дигар дар раванди омӯзиш ва бедор намудани шавқу завқи забономӯзии хонандагон адабиёти пурғановати рус маҳсуб меёбад. Хуб медонем, ки осори гаронбаҳои адибони барҷастаи рус Пушкин, Толстой, Шолохов, Чехов, Горкий ва дигарон шоҳкори адабиёти ҷаҳон ба ҳисоб мераванд ва пешниҳоди мутолиаи онҳо рағбати хонандагонро ба омӯзиши забони русӣ бештар менамояд. Барои ин омӯзгори забони русӣ бояд худ мутолиаи зиёд дошта, осори арзишманди адибони фарҳехтаи русро ба таври шоиста бидонад. Ҳангоми баёни мавзӯи нав метавонад бо пешниҳоди эпизоди шавқовар аз осори адибони шинохта, онҳоро ба омӯзиши забони русӣ шавқманд гардонад. Хонандагон барои огоҳ гаштан аз воқеа водор мегарданд, ки асарро ёфта мутолиа кунанд. Дар ин самт омӯзгор бояд осореро интихоб намояд, ки ба синну сол ва ва психологияи хонандагон мувофиқ бошад. Бо мутолиаи китобҳои бадеӣ, аз як тараф, ҷаҳонбиниии хонанда ташаккул меёбад, аз ҷониби дигар, захираи луғавияш ғанӣ мегардад. Ҳамин тавр, бо мутолиаи чанд асар ӯ забонро  зуд  ёд мегирад ва озода такаллум менамояд. Дар хотир бояд дошт, то он вақте ки хонанда ба худомӯзӣ майлу рағбат пайдо накунад, забонро пурра омӯхта наметавонад.

Дигар масъала дар омӯзиши забони русӣ истифодаи воситаҳои аёнӣ дар дарс мебошад. Имрӯз аксари муассисаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ таъминанд. Баёни мавзӯъҳои таълимӣ тавассути воситаҳои аёнӣ дар омӯхтани забони русӣ нақши муҳим мебозад.

Аз ин рӯ, мо - омӯзгоронро мебояд дар забономӯзии хонандагон аз роҳу воситаҳои муассири таълим истифода намоем, то онҳо зуд забонҳои хориҷиро азбар намоянд.

Давлатгул БОБОҶОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №28-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш