Нашрияи Омӯзгор

Вожаҳои фаровон

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Дар радифи забонҳои маъруфу шинохтаи ҷаҳон забони русӣ низ ҷойгоҳи барҷаста дошта, дар конфронсу симпозиум, ҷаласаю машваратҳо ва ҷамъомадҳои созмонҳои бонуфуз дар қатори забони англисӣ ба ҳайси забони дувуми муошират эътироф ва пазируфта шудааст. Дар воқеъ, ин забон яке аз забонҳои коргузории Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Забони русӣ ҳамчун забони славянӣ дар мамолику кишварҳои Аврупо ҳамчун забони гуфтугӯйӣ истифода мешавад. Ҳамчунин, забони русӣ забони байналмилалии кайҳоннавардӣ ба шумор рафта, омӯзишу аз худ кардани он барои кайҳоннавардон, ки ба стансияи байналхалқии кайҳонӣ фиристода мешаванд, ҳатмӣ мебошад. Белинский дар хусуси забони русӣ гуфтааст, ки он яке аз ғанитарин забони рӯйи олам аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин гуфта, ҳеҷ ҷойи шубҳа нест. Горкий забони русиро ҳамчун сарвати беохири кашфнашуда баҳогузорӣ намуда, онро ба таври доимӣ дар такомулу таҳаввул мебинад. Л. Толстой ба он фикр аст, ки забони русӣ забони асилу устувор буда, бо фасоҳату шевоии худ, имконоти созандагияш фарқкунанда аст. Нависандаи шинохтаи рус К. Паустовский ин забонро забони соҳирона номида, менигорад, ки аввалин суруду таронаҳои халқии рус ва афсонаҳои онҳо бо ҳамин забон офарида шудаанд. Ин забон дорои луғату вожаҳои фаровонест, ки барои аз худ кардану фаҳмидани онҳо ҷустуҷӯю заҳмати ҳамвора зарур аст. Барои ин луғатномаҳои зиёде аз ҷониби забоншиносони рус таълиф карда шудаанд, ки машҳуру маълумаш луғати русӣ-тоҷикии С.И. Ожегов ба шумор меравад. Умуман, омӯзиши забони русӣ барои мактабиёни тоҷик судманд буда, дар масъалаи роҳ ёфтан ба асрори навиштаҳои оламшумули адибони рус ва ҳамчунин, ҳангоми кору фаъолият дар Федератсияи Россия нақши барҷаста дорад.

 

Фирӯза АСОЕВА,

омӯзгори забон ва адабиёти руси литсейи инноватсионии «Душанбе»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш