Мактаб ягона маконест, ки дар он ҷо омӯзиши забони модарӣ бо тамоми нозукиҳояш амалӣ мегардад.
Барои омӯзиши самарабахши забони модарӣ дар мактаб мавҷуд будани васоити таълим чун аёниятҳои гуногун – таблитсаҳо, китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, магнитофон, диктофон ва монанди ин шарти зарурист. Хуб мешуд, ки омӯзгорон бештар аз воситаҳоли техникӣ истифода баранд. Яке аз усулҳои самарабахши дигари таълими забони тоҷикӣ дар мактаб худомӯзии муаллим аст. Омӯзгор бояд дониши худро ҳар рӯз такмил диҳад, гарчӣ хурд ё андаке бошад ҳам, барои худи омӯзгор чизи нав аст.
Луғатомӯзӣ дар дарсҳои забони модарӣ ва адабиёт яке аз қисмҳои асосии сифатнок таълим додани ин фан мебошад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хазинаи луғавии шогирдони мо аксар вақт нодор аст. Луғатомӯзиву луғатдонӣ, пеш аз ҳама, ба хондани асарҳои бадеӣ алоқаманд мебошад. Омӯзгорро зарур аст, ки ақаллан ҳар рӯз як байти наверо ба тахтаи синф навишта, азбар кардани онро аз шогирдон талаб намояд. Дар навбати худ, баъзе калимаҳои душворфаҳмро низ ба дафтарҳои луғаташон рӯйнавис карда, маънии онро нависанд. Дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик аҳамияти баёни шифоҳӣ ва нақли муаллим, ки аз нақша, машқу масъала ва дигар маводи дидактикиро истифода барад, барои омӯхтани дониш ёрӣ мерасонад. Бозии дигари дидактикӣ диктанти «Худамро месанҷам» ном дорад. Чунки ҳар як бозӣ хонандаро ба фиккрониву ҳозирҷавобӣ водор менамояд. Ҳамин тавр, хонанда худро дар истифодаи бозиҳои дидактикӣ шахси масъул мешуморад. Омӯзгор аз усули шавқовари таълим ҳамеша бояд истифода барад ва натиҷаи дилхоҳ ҳамон вақт муяссар мегардад, ки усули интихобкарда мувофиқи мақсад бошад.
Таълими сифатноки забону адабиёти тоҷик танҳо ба мактабу омӯзгор вобаста нест. Дар ин бобат бояд тамоми аҳли адаб ва ҷомеа ташаббус нишон диҳанд. Зеро на танҳо муаллимону шогирдон, балки кулли ҷомеа ба он ниёз доранд.
Таманно ХОЛОВА,
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷик
Иловакунӣ
Иловакунии фикр