Нашрияи Омӯзгор

Ҷоизаи шоир – ифтихори миллат

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Дар дарсҳои адабиёт дар оғоз ба хонандагон дар доираи 2-3 дақиқа дар бораи навгониҳои асосии адабиёту маънавиёт иттилоъ ироа кардан манфиатовар хоҳад буд.

Масалан, ин маврид ба аҳли синф оид ба китобҳои тозанашр, рухдодҳои фарҳангиву адабӣ ва баъзе хабару мақолаҳои муфид дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба таври мухтасар гузориш додан боиси бештар ҷолибу рангин ва фарогир гаштани дарси адабиёт мешавад.

Ҳафтаи гузашта ман чанд дарсамро дар синфҳои гуногун бо зикри навгонии нишотбахш дар адабиёти муосири тоҷик оғоз намудам. Ба шогирдонам хабар расондам, ки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб сазовори Ҷоизаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов гардид. Шоири тавонои тоҷик барои хидматҳояш дар рушди адабиёт, тарғиби ғояҳои дӯстии халқҳо ва бародарию ҳамдастӣ, ҳамчунин, ситоиши сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ ба ин мукофоти баланд шоиста дониста шудааст. Ҷоизаи бонуфузи шоирро дар ҷараёни ҷаласаи 50-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки рӯзҳои 21-22 ноябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, аз номи аҳли зиёи тоҷик Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қабул намуд.

Дар идомаи сухан ба хонандагон тавзеҳ мебахшам, ки ҷоизаи мазкур мақоми баланд дошта, соли 2012 таъсис ёфтааст. Ба ин ҷоиза, аз ҷумла, шоири маъруфи қазоқ Олҷас Сулаймонов сазовор гардидааст.

Чун мушоҳида кардам, ки шогирдонам дар бораи шоири соҳибҷоиза бештар донистан мехоҳанд, чанд сухан оид ба зиндагинома ва осори устод ироа намудам. Аз ҷумла, зикр кардам, ки Муҳаммад Ғоиб соли 1954 дар ноҳияи Данғара чашм ба олами ҳастӣ кушода, бо гузашти солҳо факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакиро хатм кардааст. Сипас, фаъолияташро ба соҳаи адабиёт ва эҷоди бадеӣ пайваста, солҳои зиёде дар нашрияи «Адабиёт ва санъат», Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», рӯзномаи «Ҷумҳурият» бомуваффақият кор кардааст. Муҳаммад Ғоиб шоир, нависанда, драмнавис ва нигорандаи филмномаҳо мебошад ва беш аз 50 китобаш ба нашр расидааст. Аз ҷумлаи китобҳояш чандеро номбар мекунем: «Меҳргиёҳ», «Лолаи чашм», «Суруди ишқ», «Дидор», «Хирмани гул», «Чашмаи меҳр», «Девон», «Турнаҳо», «Тути Дара», «Роҳи Каҳкашон», «Ҳасрати дидор»…

Устод М.Ғоиб махсус барои хонандагони мактабҳо як силсила шеъру достон, афсонаю чистон эҷод бинмудаву дар шакли китобҳои алоҳида чоп кунонидааст, ки китобҳои «Савғо» ва «Турнаҳо» аз ин ҷумлаанд.

Ин шоири маъруфи тоҷик барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ мебошад.

Дар охири ин гуна иттилои фишурда ба хонандагон супориш медиҳам, ки дар давоми як ҳафта ҳар яке интихобан аз ашъори Муҳаммад Ғоиб чанд шеър азёд намоянд. Ҳамчунин, эълон мекунам, ки дар давоми чоряки сеюм вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти устод устод М.Ғоиб дар мактаб маҳфили адабӣ баргузор хоҳад шуд.

Таманнои онро дорам, ки сафи адибони ҷоизадори мо ҳар чӣ бештар шавад, то мо, омӯзгорони адабиёт, аз ин хусус ба шогирдон иттилоъ расонда, дарсҳои худро рангину ҷолибтар бинамоем.

 

Чамангул НАЗАРОВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш