Нашрияи Омӯзгор

Ҳар амалро сазоест

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар раванди таълиму тарбия бо ҳадафҳои муайян омӯзгор аз методу воситаҳои гуногун ва аз тадбирандешиҳои махсус истифода мебарад. Истифодаи онҳоро асосан ҷараёни дарс, вазъи баамаломада ва фазои маънавии синф муайян мекунад. Албатта, дар ҳама гуна гурӯҳи муайян ва дар ҳар кор шебу фарозу каму костиҳо ба мушоҳида мерасанд.

Ин ҳолат барои синфҳое, ки дар онҳо хонандагон таҳсил мекунанд, низ истисно нест. Омӯзгорро лозим меояд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ нисбат ба хонандагон дар қатори методҳои дигар аз методҳои ҳавасмандкунӣ ва ҷазо ҳам истифода намояд. Дар тавсифи методҳо аз ҷониби муҳаққиқони илми педагогика омадааст, ки ҳавасмандкунӣ ва ҷазо дар мактабҳо ҳамчун методҳои ёрирасон корбаст мешаванд. Барои баҳои рафтори хонандагон, дастгирӣ ё маҳкумсозии рафтору амалҳои алоҳидаи шогирдон, қадрнамоии рафтори хуб ё пешгирии рафтори номатлуб омӯзгор аз ин методҳо истифода мекунад.

Аҳамияти тарбиявии ҳавасмандкунӣ дар он аст, ки ба тақвияту инкишоф ва устуворгардии ҷиҳатҳои мусбати хулқу атвори хонандагон мусоидат менамояд. На танҳо нисбат ба хонандаи алоҳида, балки нисбат ба аҳли синф (дар якҷоягӣ) методи ҳавасмандкуниро метавон татбиқ кард. Дар натиҷа байни хонандагон кӯшиши ҳар чӣ хубтар кору таҳсил кардан, бовиҷдон будан ва ба боварии омӯзгор сазовор гардидани хонандаи алоҳидае на танҳо дар ҳамон хонанда, балки дар хонандагони дигар, аз ҷумла, хонандагони қафомонда низ кӯшишу хоҳиши беҳтар шудан ва ба мукофоте сазовор гардиданро мепарварад. Кӯшиш бояд кард, ки хонандагон ба ҳавасмандсозӣ аз ҷониби омӯзгор одат кунанду инро ҳамчун воситаи ягонаи таҳсили бомуваффақияту доштани ахлоқи намунавӣ бипазиранд. Набояд хонандагон ба хотири таърифу мукофот таҳсил намоянд. Аз ҳавасмандгардӣ ифтихор бояд карду барои такмили бештар бахшидан ба таҳсилу одоби худ бикӯшид.

Ҳавасмандкунӣ як навъ тасдиқи он аст, ки хонанда таҳсили шоиста дорад, хушрафтор аст ва ё амалеро, супоришеро хеле масъулиятмандона ва дар сатҳи баланд иҷро кардаааст. Ҳавасмандкунӣ, пеш аз ҳама, таъсири равонӣ (психологӣ) дорад, шогирдонро рӯҳбаланду болидахотир месозад.

Ҷазо низ аҳамияти тарбиявӣ дорад. Он нуқсонҳои хонанда ё ягон рафтори нохубашро фошу таъкид менамояд ва ба бартарафсозиву ислоҳи онҳо мусоидат мекунад. Ҷазо таъкид мекунад, ки рафтору гуфтори хонанда бояд дар доираи муайяне, мувофиқ ба қоидаҳои одоби ҳамида ва муносибатҳои шоиста қарор дошта бошад. Дар зиндагӣ ҳар амалеро ҳадду ҳудудест ва аз ин ҷост, ки бузургон ҳушдор додаанд: «Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой!» Ҷазо ҳадди ниҳоии тадбирҷӯист.

Хонанда бояд хуб дарк кунад (ин муҳим аст), ки барои чӣ ба ҷазо гирифтор шуд ва чаро дигар чунин рафтор набояд кард? Ҷазо набояд тазйиқовар, балки муассир бошад, хонандаро ба андеша водорад, аз карда пушаймон созад. Яъне ҳадаф аз ҷазо ислоҳсозист, ба ибораи дигар, соф кардани оби лойолуда мебошад.

Илми педаагогика намудҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ (таҳсин, таъриф, раҳматнома, сипоснома ба волидон, туҳфа, мукофот, баҳои баланд…) ва ҷазо (огаҳӣ, танбеҳ, муваққатан ба гӯшае рост гузоштан, паст кардани баҳо, номаи эътирозӣ ба волидон…)-ро муқаррар кардааст.

Омӯзгоронро мебояд, ки методҳои мазкурро огаҳмандона, боасос ва дар мавридҳои мувофиқ истифода намоянд.

 

Гулбаҳор

АЛИМАРДОНОВА,

омӯзгори мактаби №10-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш