Нашрияи Омӯзгор

Муносибати дилсӯзона лозим

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

28 сол аст, ки ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият дорам. Тӯли ин солҳо бо мушкилоти ин бахш (таҳсилоти зинаи ибтидоӣ) аз наздик ошноям. Маълум, ки қобилияту маҳорати донишазхудкунии шогирдон гуногун аст.

Яке дар дарсҳо хеле фаъол асту супоришҳои омӯзгорро сари вақт ва бе мушкилӣ иҷро мекунад, дигаре талош мекунад, ки мавзӯъҳоро аз худ кунад, аммо ин барояш муяссар намегардад. Қисми дигаре аз шогирдон нисбат ба дарсҳо бисёр фориғболанду бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Барои аз худ кардани мавзӯъҳо аслан кӯшише ба харҷ намедиҳанд. Ин масъала барои аксари волидон бисёр ташвишовар аст. Дар  ин масъала аз рӯйи таҷрибаи кори худ чанд маслиҳате ба омӯзгорону волидон пешниҳод карданӣ ҳастам.

Аксари падару модарон ба мо, омӯзгорон, шикоят мекунанд, ки ҷигарбандашон хондан намехоҳад. Дар хона дарс тайёр намекунад. Чӣ кор кунем, ки бача ба илмомӯзӣ таваҷҷуҳ кунад. Бояд бидонем, ки барои дӯст доштани дониш ва илмомӯзӣ шавқу хоҳиши ӯро нисбат ба ин масъала бедор карда тавонистан лозим. Барои бедор кардани шавқи кӯдак бо ӯ пайваста машғул шудан ва дар раванди дарстайёркунӣ зери назорат гирифтан мувофиқи мақсад аст. Зеро кӯдакони хурдсол дар иҷрои супоришҳои омӯзгор душворӣ мекашанд, бинобар ин, онҳоро мустақилона ҳал карда наметавонанд. Дар ин ҳолат назорату таваҷҷуҳ ва кумаки волидон ба хонанда мисли обу ҳаво зарур аст. Бояд волидон хеле сода ба кӯдакашон роҳи ҳалли супоришҳоро омӯзонанд.

Баъзе хонандагон аз омӯзгор ё волидонашон тарсу ҳарос доранд, аз ин рӯ, бисёр ба эҳсосот дода шуда, хотирашон парешон мешавад. Дар ин ҳолат, табиист, ки дар омӯзиш низ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ меоянд. Бинобар ин, тавсия дода мешавад, ки ҳам омӯзгор ва ҳам падару модар бо кӯдак муносибати дилсӯзона намуда, сабурона бахшҳоеро, ки барояш нофаҳмоянд, ба таври содаю равон тавзеҳ бахшанд. Меҳрубонию лутф ва ҳарфи ширин дар ин маврид нақши муҳим мебозад.

 

Зулфия Хоҷаева,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

литсейи «Роҳнамо»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш