Нашрияи Омӯзгор

Калиди дари ганҷ дар дасти ӯст

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Борҳо таъкиду собит шуда, ки забон муҳимтарин воситаи муоширати инсонҳо ва нахустнишонаи ҳастии миллат, шарафу ифтихори ҳар шаҳрванд аст.

Ба шарофати забон ҷаҳони маънавии мо ғаниву муҳтавоманд ва бавусъат мегардад, нуру зиё дармеёбад. Аз ин рӯ, забономӯзӣ ва донистани забон аз волотарин фазилатҳои мардумӣ ба шумор меравад. Ҳар кӣ бештар забон медонад, тавонотару хирадмандтар ва пешрав аст. Забондонӣ банди бисёр мушкилотро мекушояд, боиси самармандии корҳо ва умуман, ҳаёти шахс мегардад. Ҳар фарди забондон сарбаланд ва барои ҷомеа одами зарурию манфиатовар аст ва неку фармудаанд, ки «Забондонро зи чеҳра нур борад, Ба гоҳи гуфтан аз лаб дурр борад».

Кимёбегим Алидодхонова ин ҳамаро аз овони наврасию мактабхонӣ хуб дарк кардаву таваҷҷуҳ ба забономӯзӣ пайдо карда буд. Ба бахти ӯ дар зодгоҳаш – шаҳри Хоруғ устодони забондон ва тарғибгари забономӯзӣ зиёд буданд ва онҳо муҳаббати омӯзиши забонҳоро дар дили «духтари содаи кӯҳистонӣ» дучанд афзуданд. Кимёбегим ин сатрҳои ҳикматрезу ҳидоятгарро ҳанӯз овони дар паси партаи мактабӣ нишастанаш азёд медонист:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

ххх

Тарҷумони дил аст нутқу забон,

Марзбони тан асту суду зиён.

Ва боз ба дарки он нуктаи муҳим низ расида буд, ки забономӯзӣ, донистани ҳар забони дигар аз неку донистану саҳеҳ омӯхтани забони модарӣ сарчашма мегирад. Ин бар он маънист, ки то Ватани хешро дӯст надорию онро хуб надонӣ, меҳр ба ҳеҷ як кишвари дигаре пайдо карда наметавонӣ. Ин маънӣ дар байти машҳури зерин хеле равшан тавзеҳ ёфтааст:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забонаш осон гардад.

Ҳидояту дастгириҳои устодонаш ва ҳикмати пурмағзи ниёгон Кимёбегимро дастгиру раҳбар гаштанду ӯ бо азму иродаи қавӣ ба забономӯзӣ пардохт; таваҷҷуҳу дилбастагиаш ба забонҳои пурғановати русиву англисӣ рӯзафзун буд. Чун мактабро бомуваффақият хатм кард, бидуни дудилагие ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳуҷҷат супорид (соли 1967) ва донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷӣ (англисӣ) шуд. Ӯ бисёр хуб медонист, ки забони англисӣ яке аз забонҳои тавоно, муҳтавоманд ва паҳншудаи ҷаҳон аст ва донистани ин забон маънои роҳ ёфтан ба олами беҳудуди илму маърифатро дорад. Он ҳангом забони англисӣ (ва ҳар забони хориҷии дигар) нуфузу эътибору ҷойгоҳеро, ки имрӯз дар кишварамон дорад, надошт, вале Кимёбегими ҳушманд ба фаросат дарёфта буд, ки фардои ин забон дар Тоҷикистон фарогиртар аст. Дар дақиқу саҳеҳ омӯхтани забони англисӣ ба ин бонуи доништалаб хуб донистани забонҳои тоҷикиву русӣ мададгор шуданд. Муҳим он буд, ки донишомӯзи ҷавон танҳо ба дар сатҳи гуфтугӯи озод омӯхтани забони англисӣ ҷаҳд намекард, балки ҳамзамон бар он мекӯшид, ки асосҳои сарфию наҳвӣ, сохтор ва қонуниятмандиҳои дохилии ин забонро хуб аз худ намояд, аз таъриху эътимология ва ташаккули тадриҷии он огоҳ бошад, муҳаққиқон ва намояндагони барҷастаи онро донад, ҳамчунин, усулҳои тадриси забони англисиро биомӯзад. Кимёбегим вақти зиёди худро сарфи сафҳагардонии адабиёти англисӣ дар китобхонаҳо мекард ва ҳамеша, дар ҳама ҷо китоби луғат дар даст дошт, ҷиддан ба луғатомӯзӣ машғул буд. Пас аз хатми мактаби олӣ ӯро ҳамчун мутахассиси болаёқату ояндадор барои кор ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1971) даъват карданд. Ин шарафмандие бузург буд барои ҷавондухтари навсафари роҳи таълиму тарбия. Оғози фаъолияташ пурбарор ва самарманд буд. Дар ин боргоҳи боэътибори илму маърифат ду сол кор кард ва пасон бо даъвати маъмурияти донишгоҳи хатмкардааш ва устодони собиқаш барои идомаи фаъолият ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ омад. Солҳои зиёд (1973-2002) ин ҷо ба сифати омӯзгори забони англисии факултаи забонҳои хориҷӣ пурмаҳсулу шарафмандона кор кард, тадриҷан таҷрибаю маҳорату малакааш афзуд, обрӯю эътибораш ҳам байни аҳли донишгоҳ ва ҳам миёни шогирдон бештар гашт. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, афсудани таваҷҷуҳ ба забонҳои хориҷӣ ва бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидани асноди расмӣ оид ба тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар фаъолияти муаллима марҳилаи тозаеро ифтитоҳ бахшиданд.

Бо таъсиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Кимёбегим Алидодхоноваро ҳамчун донандаву омӯзонандаи мумтози забони англисӣ ин ҷо ба кор даъват бинмуданд. Пазируфт ва фаъолияташ дар ин маърифатгоҳи эътиборманд 12 сол давом кард. Дар ин донишгоҳ низ ӯ бо корбарии бавусъат, ташаббусмандиву навоварӣ ва эҷодкориву ҳусни маънавияташ маҳбубу писанди ҳамагон шуд…

Наздик ба ним аср (45 сол) машғули таълиму тарбия ва пажӯҳишу эҷод шуд бонуи хирадманд Кимёбегим Алидодхонова ва ҳоло низ (дар қуллаи 70-и умр, ки муборакаш бод!) робитаашро бо коргоҳаш, бо ҳамкорону дӯстон ва собиқ шогирдонаш нагусастааст.

Ин бонуи шарафманду сарбаланд  дар баробари таълиму тарбияи шогирдон ба таҳқиқу нигориш машғул шуда, беш аз 30 мақолаву рисолаи пурмуҳтавою арзишманд навиштаву ба табъ расондааст. Муаллифи ду дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ, 8 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 дастури методӣ ва як луғатнома, инчунин, силсилаи гузоришоти илмию методӣ мебошад. Дар чандин ҳамоиши илмии олимон (ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ) ширкат варзидаву суханронӣ кардааст…

Барои хидматҳои пурсамару бардавомаш бо медали «Хизмати шоиста», нишони  «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои зиёд мукофотонида шудааст, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба устоди азизу арҷманд, муаллимаи соҳибхираду соҳибэҳтиром Кимёбегим Алидодхонова сиҳатмандии бардавом ва идомаи рӯзгори пурбаракат таманно дорем.

 Ҳабиб МИРЗОЕВ,

доктори илмҳои филологӣ,

Мунаввара АРБОБОВА,

Саодат ҳалимова,

омӯзгорон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш