Нашрияи Омӯзгор

Муноқиша фарҷоми нохушоянд дорад

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

Такя ба неруи ҷавонон яке аз иқдомҳои наку ва дурандешонаи давлату ҳукумат, хусусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ҳама душвориҳо масъалаи ҷавонон ва ноболиғон дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дошт. Соли 1993-дар давраи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ, дар арафаи дуюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гашта, насли ҷавони рӯҳафтодаро хеле руҳбаланд намуд. Баъди як сол, моҳи марти соли 1994 Пешвои миллат,  дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, дар назди ҷавонони фаъоли кишвар иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаро гузошта, дар ин Анҷуман барномаи кори ҷавононро муқаррар намуд.

Дар ҷавоб ҳазорон-ҳазор ҷавон дар сохторҳои қудративу низомӣ, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимиву истеҳсолӣ омодагии худро барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, пешрафти кишвар изҳор доштанд ва дар амал собит намуданд, ки онҳо қудрат доранд, то бисёр кору амалҳои шоёнро анҷом диҳанд.

Аммо масъалаи ин аст, ки чаро имрӯз миёни ҷавонон ва ноболиғон ҳодисаҳои номатлуб ба вуқуъ мепайвандад?

Нофаҳмӣ, муноқиша, носозӣ, ҷангу ҷанҷолҳои бемаънӣ метавонанд, фазои носолимро миёни ноболиғону ҷавонон ба вуҷуд орад.

Ба андешаи мо, сабабҳои зуҳури ин амалҳои номатлуб инҳо мебошанд:

1. Раванди глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) ва бартариҷӯӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа:

-ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба он оварда мерасонад,ки ҷавонони байни худ барои пайдо кардани мавқеъ, ба баҳсу мунозира ва муноқиша мепардозанд.

2. Паст гардидани сатҳи одобу ахлоқи ҷавонон:

- дар натиҷаи ворид гардидани фарҳангҳои гуногун одобу ахлоқи ҷавонон коста гардида истодааст.

3.Таъсири шабакаҳои иҷти-моӣ:

-ба ин ҷараён табақаҳои иҷтимоӣ таъсири бештар мерасонанд.                

4. Нишон додани мавқеи худ миёни дигар ҳамсолон:                                            

5. Аз лиҳози равонӣ таъсири як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар:                                            

Ин таъсир бештар ҷанбаи равонӣ дорад ва ба рӯҳияи ҷавонон нигаронида шудааст.

6. Назари таҳлилӣ ва дурандешона надоштан ё ҳамдигарро  бахшида натавонистан:

7. Бетаваҷҷуҳӣ ё камта-ваҷҷуҳии волидон ё  бетафовутии се ниҳоди иҷтимоӣ (оила, ҷомеа ва мактаб) ба ин гурӯҳ ва ғайраҳо омилҳое мебошанд, ки муноқишаро миёни ноболиғон ба вуҷуд меорад.

Яъне ҷавонони мо он вақт ҳанӯз волоияти қонунро дарк намуда буданд ва дар таҳкими волоияти қонун, тақвият бахшидани сохтори конститутсионии давлат саҳми худро гузоштанд. Имрӯз дар кишвари мо қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» амал мекунад. Раванди татбиқи босифати қонунҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби ҷавонон хуб арзёбӣ мегардад. Ҷавонони мо феълан қонунҳои амалкунандаи кишварро меомӯзанд, дар татбиқи онҳо саҳм мегиранд ва маърифати ҳуқуқии худ ва ҷомеаро боло бурда истодаанд.

Давлатбибӣ Қаландарова,

мутахассиси раёсати илм ва

инноватсияи МД  ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш