Нашрияи Омӯзгор

Дилафрӯз Каримова - ғолиб

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” баргузор гардид. Аз миёни 3 довталаб Дилафрӯз Каримова, омӯзгори забони англисии литсейи математикӣ- физикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд ғолибият ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва муовини сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Нарзуллозода суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин озмун ба дарёфти омӯзгорону мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор мусоидат карда, дар қадрдонии заҳмат, баланд бардоштани мақому манзалати ходимони соҳаи маориф дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам саҳми назаррас дорад.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш