посух ба шикояти Саида Боева, ки тавассути гурӯҳи “Мы-Таджикистанцы / Мо- Тоҷикистониён!”–и сомонаи иҷтимоии “Facebook” аз санаи 26.09.2019 изҳор шудааст.
26-уми сентябри соли равон дар гурӯҳи “Мы- Таджикистанцы / Мо-Тоҷикистониён!”–и ин сомона ба унвони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он матлаб, ки гӯё яке аз омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Бохтар дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ мӯйи сари чанд нафар хонандаро қайчӣ кардааст, аз тарафи Саида Боева, модари хонандаи синфи 4-уми муассисаи номбурда, иттилое ба нашр расид.
Дар пайомади ин иттилоъ аз тарафи хонандагон ва истифодабарандагони сомонаи иҷтимоии “Facebook” нисбат ба муаллим, ки тарбиятгару илмомӯзӣ насли наврас аст, дашному суханони бад навишта шуд. Ман, омӯзгор аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Бохтар сафар кардам ва бо асли воқеа шинос шудам, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонам.
Муаллифи мактуб С. Боева дар шикоятномаи худ, ки ба унвони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ба ҷуз он ки муаллим мӯйи сари писарашро бо қайчӣ кӯтоҳ кардааст, ғайр аз таҳқири номи пуршарафи омӯзгор ва рақами муассисаи таълимӣ дигар чизе нагуфтааст. Ҳатто ному насаби омӯзгор ва ному насаби фарзанди худашро зикр накардааст.Аз матнии шикоятнома маълум мешавад, ки С. Боева аз қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон огаҳӣ надорад.
Мутобиқи моддаи 9-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модар уҳдадоранд, ки риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд. Ҳамчунин, аз рӯйи талаботи банди 94-и “Низомномаи намунавии муассисаҳои таъсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2016, №237 тасдиқ шудааст, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон уҳдадоранд, ки дар ҳолатҳои аз ҷониби хонандагон халалдор шудани тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан ва напӯшидани либоси тавсиявӣ, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро сари вақт ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд.
Зимни суҳбат бо намояндагони раёсати маорифи вилояти Хатлон С.Алимардонов, шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Э.Талбаков, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Бохтар Абӯбакр Файзализода, муовини директор оид ба таълим А. Раҳмонов, муовини директор оид ба тарбия Д. Игамзода, муовини директор оид ба таълим дар синфҳои ибтидоӣ У. Додоҷонова, муовинии директор оид ба тарбия дар синфҳои ибтидоӣ Н.қурбонов ва роҳбари синфи 4 “ё” Ҷ. Набиева маълум гардид, ки фарзанди С. Боева –Б. Д. дар синфи 4 “ё”- и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и шаҳри Бохтар таҳсил мекунад. Ба тасдиқи маъмурияти муассиса, С. Боева нисбат ба уҳдадориҳои фарзанди худ бемасъулиятӣ зоҳир намуда, дар маҷлисҳои синфӣ ва умумимактабӣ, умуман, ширкат намекунад. Ба мактаб ҳатман барои шикояте меояду ба рафти дарсҳо халал расонида, нисбат ба омӯзгорон беэҳтиромӣ мекунад. Ҳатто номбурда дар масъалаи сару либоси тавсиявии мактабиро риоя накардани фарзандаш бо роҳбарияти муассисаи мазкур борҳо ҷангу ҷидол кардааст. Ҳамчунин, дар хусуси қазияи мазкур ба директори муассиса муроҷиат накардааст.
-Ҳамарӯза дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ дар хусуси истифода бурдани сару либоси мактабӣ, сари вақт ба дарс бо тайёрии хуб омадан, дар мактаб бо худ наовардану истифода набурдани телефонҳои мобилӣ бо хонандагон суҳбат мекунем,- гуфт муовини директор оид ба тарбия дар синфҳои ибтидоӣ Н. қурбонов. Ба таъкиди мавсуф, роҳбари синфи 4 муаллима Ҷ. Набиева бо гузориши расмӣ ба ӯ муроҷиат кардааст, ки баъзе аз хонандагони синф бо мӯйҳои расида ва либосҳои ғайриоинномавӣ ба дарс меоянд. Ҳамаи ҳамсинфон мӯйҳои сарашонро ба тартиб овардаанд, аммо Н. А. ва Б. Д. аз кӯтоҳ кардани мӯйи сар саркашӣ мекунанд, сару либоси ягонаи мактабиро риоя намекунанд. Ҳамчунин, аз номи З. Ҳасанова, раиси падару модарони синфи 4 «ё» Ҳ. Нишотова модари хонандаи синфи 4 «ё» К. Г. ба унвони директори муассиса аризаи шикоятӣ дар хусуси сару либоси мактабиро риоя накардани Б. Д. ворид мегардад. Дар ариза зикр гардидааст, ки рафтори ин хонанда ба ҳамсинфонаш таъсири манфӣ мерасонад. Баъди ду рӯзи огоҳӣ додан ва дар рӯзномаҳояшон навиштан маҷбур шудам, ки мӯйи сари онҳоро қайчи занам.
Роҳбари синфи 4 “ё” Ҷ. Набиева қайд кард, ки соли чорум аст, ки дар ҳамин синф дарс медиҳад. Хонанда Б. Д. бо баҳои хуб таҳсил мекунад. Хонанда ҳаваси хондан дорад, аммо аз тарафи волидайн ба хониши ӯ тамоман аҳамият дода намешавад.
Вақте ки аз мактаб баромадам, аллакай дарсҳои басти дуюм ба охир мерасид. Маълум мегардад, ки навиштаи С. Боева воқеият надорад ва нисбат ба омӯзгорон туҳмате беш нест.
К. Каримов,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
мактаби №10–и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр