Дар замони соҳибистиқлолӣ дар масъалаи густариши омӯзиши забони давлатӣ корҳои шоиста анҷом дода шудааст. 5 октяб-ри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки аз қабули он даҳ сол сипарӣ гардид.
Дар ин миён баҳри рушди забони давлатӣ иқдомҳои наҷиб рӯи даст гирифта шуданд ва забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмию коргузорӣ амал мекунад ва аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ин забон сухан мегӯянд. Дар рушду такомули ин забони қадимаву ғанӣ, ки асарҳои зиёде дар тӯли ҳазорсолаҳо навишта шудаанд, саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. Зимни мулоқот бо зиёиёни малакат ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (4.10.2019) Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем». Аз ин рӯ, омӯзиши васеи он дар муассисаҳои таълимӣ ба таври шоиста бояд роҳандозӣ карда шавад. Мо - омӯзгоронро мебояд, пеш аз ҳама, баҳри дуруст омӯзонидани забони тоҷикӣ ба хонандагон талош варзем. Шайх Саъдӣ бамаврид фармудааст:
Ҳар кӣ ба забони худ сухандон
гардад,
Донистани сад забон-ш осон
гардад.
Маълум, мегардад, ки то хонанда забони модарии хешро ба таври шоиста надонад, дигар забонҳоро фаро гирифта наметавонад. Бинобар ин, ҳангоми тадриси забони модарӣ хонандагонро ба мутолиаи васеи осори бадеӣ талқин намудан зарур аст, зеро хонанда танҳо бо мутолиаи осори бадеӣ метавонад забонро хуб омӯзад ва озодонаа фикрашро баён намояд. Бо таърифу мафҳумҳои грамматикӣ қонеъ набояд гардид, зеро донистани меъёрҳои забон хонанданро забондон намекунад.
Воқеан, имрӯз то андозае насли наврас аз мутолиаи осори бадеӣ ва адабиёти пурғановатамон дур гаштааст. Роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» тавонист дар ташвиқу тарғиби насли наврас ба китобхонӣ саҳми босазо гузорад. Мо, омӯзгорон, набояд дар доираи ин озмун маҳдуд гардем, балки аз ин иқдому ташаббуси Сарвари давлат илҳом бигирем ва фаъолиятамонро вусъати тоза бахшем ва ба масъалаи забономӯзиву мутолиаи осори бадеӣ ҷалб намудани насли наврас талоши бештар намоем.
Дарвоқеъ, забони тоҷикӣ тадриҷан ба забони илм табдил меёбад ва чанд сол мешавад, ки комиссисяи Олии аттестатсионӣ фаъолияти пурсамар дорад. Рисолаҳои номзадиву докторӣ бо забони тоҷикӣ дифоъ мегарданд, ки ин аз қудратмандии забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.
Мо, омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри густариши забони тоҷикӣ ва забондону сухандон гардидани наврасону ҷавонон ҳамвора талош намоем.
Назора ФАРҲОДОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр