Нашрияи Омӯзгор

Агар китоб фурӯғи субҳи доноист…

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Рон Макнейри амрикоӣ дар 9-солагиаш аз китобхона берун рафтан нахост ва азбаски бегоҳ шуда буд, лозим омад, ки модарашу пулисро даъват кунанд. Пулису модар басо заҳмат кашиданд,  то Рон ба хона баргардад… Ҳоло он китобхона номи ӯро дорад…

Китобхонии фарзанд дар оила оғоз меёбад, чунки хонадон аз мактаб муқаддамтар аст. Шоири машҳури бачаҳои рус Самуел Маршак боре гуфта буд, ки вазифаи нахустини калонсолон китобхон кардани фарзандон мебошад. Баъзан вобаста ба китобу китобхонии кӯдакон ягон хабар шунида ё мақола хонда, ангушти ҳайрат мегазем. Масалан, мегӯянд, ки дар баъзе таваллудхонаҳои Англия ҳангоми гусели модару кӯдак як ёддошт месупуранд ва он ҷо панҷ таъкид сабт шудаасту яке ин аст: «Бо кӯдаки худ гуфтугӯ кунед ва барояш китоб хонед».

Ин гап эҳтимол бисёр модаронро дар тааҷҷуб гузорад: «Магар ба тифли ширхора китоб мехонанд?» Агар дуруст эътибор диҳем, қисми аввали таъкиди англисҳоро тамоми модарони олам анҷом медиҳанд, яъне бо тифли худ гуфтугӯ мекунанд, ӯро ба навозиш «ширинаку нозанинаку яктояку донояк…» мегӯянд. Вале қисмати дуюми онро аҳён-аҳён модарон ба ёд меоранду ба кор мебаранд.

Чӣ бояд кард, то фарзанди мо китобдӯст шуда, ба китобхонаҳо равад?

Агар калонсолон эътибор дода бошанд, мушоҳида кардаанд, ки дар оғоз кӯдак китобро ҳам мисли дигар бозиҳояш хуш қабул мекунаду ба даст мегирад, вале ба зудӣ ҳар бозича ба дилаш мезанад, вале китобчаи суратдори бачагонаро ҳаргиз фаромӯш намекунад: онро гаштаву баргашта тамошо мекунад! Чаро чунин мешавад? Чунки се истеъдод дар бунёди ӯ азалист: сурудхонӣ, расмкашӣ ва рақсу бозӣ. Ҳар се истеъдод бе китоб рушд намекунад ва комил намешавад. Барои сурудан китоб лозим аст, то шеър аз ёд кард; барои расмкашӣ ҳам қаламу коғаз зарур мешавад; ниҳоят, кӯдакон, чунонки дар боло зикр кардем, бо китоб ҳам бозӣ мекунанд. Дар ҳамин айём ва тавассути ҳамин се шавқу завқи азалӣ ба дилу дидаи кӯдак меҳри китоб ҷо дода мешавад.

Албатта, барои бачаҳои мо китоб лозим аст. Имрӯз дар Тоҷикистон барои такмили ду истеъдоди охир тамоми шароит муҳайёст: даҳҳо, балки садҳо намуд қаламу коғазу албом истеҳсол мешавад, бозичаҳо низ ранг-рангу хел-хеланд. Вале мо барои атфол (2-4-солаҳо) китоб надорем.

Дар ҷое хонда будам, ки модаре дар кадом кишвар барои зудтар саводнок кардани фарзандонаш пеши дари хонаи онҳо қолинчаи сунъӣ густурдааст, ки тамоми ҳарфи алифбо сабт шудааст ва ҳар ҳарф сурате дорад ва ҳар гоҳ бачаҳо ба хона даробаро мекунанд, он ҳарфҳоро мебинанду мешиносанду ба ёд мегиранд. Албатта, расму одоби тоҷикӣ раво намебинад, ки ҳарфу калом зери по бошад, вале гап дар сари ғамхории модар аст: бубинед, ки он модарон чӣ чораҳо меандешанд!

Бояд донист: ҳар бача то 10-солагӣ китобдӯст аст! Дар ин айём ӯро ба китоб хондану дӯст доштани китоб водор кардан шарт нест. Аммо баъд завқи бача андак-андак мекоҳад ва фақат ҳар даҳумин бача китобхон мемонад, каме дертар сафи бачаҳои китобхон боз ҳам камтар мешавад.

 Гунаҳкорони ин раванд, пеш аз ҳама волидонанд. Дуруст, ки омӯзгорон низ «ҳисса»-и худро мегузоранд, вале одат шудааст, ки падару модарон ҳама гуноҳро асосан дар мактаб меҷӯянду сабаби бадбахтиро дар мактаб медонанд. Лекин онҳо боре ба ҷиҳози хонаашон назар афканда, иқрор намешаванд, ки чаро лоақал 50-60 китоби бачагона надоранд?

 Дар чанд даҳсолаи охир мо имтиҳони ҷолиберо чун озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ёд надорем! Беҳтарин дастур барои китобхон кардани насли наврас Низомномаи ин озмун аст. Бубинед, мушоҳида кунед, ки мардум чӣ гуна ба такопӯ даромад, бачаҳо ба китобхона мераванд, аз китобхонҳо маслиҳат мепурсанд, падару модару бобою бибиҳо остонаи Иттифоқи нависандагонро охурча мекунанд…

Пас, агар китоб наҷотгар, табибу ҳабиб, манбаи донишу боиси камоли инсон бошад, чаро саҳлангорӣ кунем?! Пас, аз айёми тифлӣ фарзандони худро китобхон кардан лозим аст. Ин кор чӣ тавр амалӣ мешавад? Ба ин савол донишмандону омӯзгорону волидони баҳуш зиёд ҷавоб гуфтаанд. Яке ба шакли бозича чоп кардани китоб аст. Масалан, муқоваю шакли китобча ба телефон, тӯбча, бум, телевизор ва ғайра шабоҳат дорад, басо ғафс ва варақҳо қариб картонианд. Дар ҳар саҳифа ду-се ҳарф ё 2-3 калима, баъдтар, барои бачаҳое, ки ҳарфу ҳиҷошинос шудаанду хондан омӯхтаанд, як-ду ҷумлаи кӯтоҳ ҷой дода мешавад. Боқимонда расму сурат аст.

Ҳамин тавр, барои тифлон нахуст китоб бояд чоп кард, зеро бе китоб ба волидон дастуре додан беманфиату содалавҳист. Барои иҷрои ин кор мо имконият дорем. Адибони мо Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Латофати Кенҷа, Гулнисо Ризвоншоева, Азизи Азиз дар танҳоиву дастаҷамъӣ имконияту қудрати таҳияи китобҳои хуби бачагона доранд. Аммо рассому маблағ лозим аст. Агар китобе барои бачаҳои 3-сола таҳия гардад, кадом нашриёту матбаа ва бо чӣ маблағ чоп мекунад? Зиёда аз ин рассом куҷост? Охир, китоби бачагона бояд ранга нашр шавад. Ҳамчунин, ба ноҳияҳо бурдану ба мардум расондани ин китобчаҳо тарафи дигари масъала мебошад.

 …Тамошои филмҳои тасвирӣ ва дигар намуди воситаҳои тасвири кӯдакона ҷойи китобро гирифта наметавонад, чунки онҳо маводи тайёр пешниҳод мекунанд ва имкон намедиҳанд, ки бача тахайюлу тасаввури худро рушд диҳад. Вақте ӯ китоб мехонад, қаҳрамон ва сухану амали ӯро бемалол пеши назар меорад. Даҳ бача як афсона ё як ҳикояро хонда даҳ хел тасаввур пайдо мекунанд ва чун ба нақл кардани мазмуни он мепардозанд, гоҳо ҷузъиёти наву тозаи ғайримунтазир ба гӯш мерасад. Ана, барои чӣ китоб хондан лозим аст! Имрӯз дар олам намунаи зиёди афсонаи «Бузаки Ҷингилапо» таҳия шудааст ва бештарин нусхаҳои онро бачаҳои олам эҷод кардаанд...

 Ойҷонбӣ БОБОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №51,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш