Нашрияи Омӯзгор

Имконоти дарси замонавӣ

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Ба роҳ мондани машғулиятҳо дар синфҳои ибтидоӣ аз омӯзгор талаб менамояд, ки аз тамоми роҳу усулҳои таълим истифода намояд. Омӯзгор  аз кадом сабку шеваҳои дарсӣ, ки истифода кунад, машғулият бояд шавқовару ҷолиб гузарад ва ҳангоми баргузории дарс муҳите ба вуҷуд оварда шавад, ки хонанда хастагиро ҳис накунад. Дар ин масъала олимони соҳа, мактабшиносон ва педагогҳо зимни пажӯҳишҳои солҳои охир ба натиҷаи мусбат расидаанд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки иддае аз омӯзгорон, хусусан, омӯзгорони ҷавон, ки ба маслиҳати методӣ хеле ниёз доранд, ҳангоми гузаштани дарс аз вақти додашуда судманду ҳадафмандона истифода карда наметавонанд, зеро лаҳзаҳои дарсиро вобаста ба вақт дуруст тақсим карда наметавонанд. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ сарварони он бояд ба масъалаи вобаста намудани омӯзгорони ҷавон ба устодони пуртаҷрибаву собиқадор аҳамияти зарурӣ диҳанд. Имрӯз муаллими синфҳои ибтидоӣ метавонад аз усулҳои таълимии гурӯҳбандӣ, суолу ҷавоб, нақл (нақли мухтасар ва муфассал), диаграммаи Вен, бозии «Кӣ зуд меёбад?» ва ғайра дар дарс бештар истифода кунад. Муҳим  он аст, ки хонанда мустақилона фикр ва андешаву мулоҳизаҳояшро дуруст баён карда тавонад Шурӯъ аз синфи якум бояд ба он ноил шуд, ки нутқи шифоҳии шогирдон рушд ёбад, онҳо навиштанро ба таври зарурӣ ёд гиранд, шеъру сурудҳои зиёдеро аз бар намоянд, донову хушзеҳн бошанд. Ҷорӣ  намудани навиштани эссе дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, дар синфҳои 3-4 низ маҳз ба ҳамин мақсад равона карда шудааст.

Хуллас, омӯзгор неруи асосӣ ва меҳварӣ буда, ҳидоятгарест, ки дар ташаккули зеҳни хонанда нақши муҳим мебозад.

 

Рукатмо Алифова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №7-и ноҳияи

Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш