Нашрияи Омӯзгор

Маъхази нуру рӯшноӣ

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 830        Шарҳ: 0

Об захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву обод ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад.

Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии замин истифода мебарад. Инчунин, одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе ин муъҷизаи олам пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

Инсон бе об зандагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Вай дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, он манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе онро ифлос гардонад, ба он партов партояд ё ягон амали носазое нисбат ба он раво бинад.

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу

хок,

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ низ мебошад.

Адиба МУСУЛМОНОВА,

омӯзгори мактаби № 51-и

ноҳияи Фирдавсии

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш