Ман ҳангоми машғу-лиятҳо ба шогирдони синфи 8-ум гаштаву баргашта мегӯям, ки ба чизе соҳиб шудан хеле осон аст, вале онро нағз нигоҳ доштан, чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардан кори ҳар кас нест. Ҷузъҳои алоҳидаи компютерро ба шогирдонам нишон дода, таъкид менамоям, ки бо ҳар кадомашон муомилаи махсус бояд кард. Компютер абзори пуриқтидор аст, он имконияту афзалияти беҳамто дорад. Барои ҳамин ҳам аз шумо нармӣ, ҳалимӣ ва муомилаву муоширати меҳрубононаро тақозо мекунад.
Ба шогирдонам мефармоям, ки аз саҳифаи китоби дарсии синфи 8-ум ҷумлаи зеринро хонанду баъд дар хотир нигоҳ доранд, яъне ҳифз кунанд: “Сахтафзори компютери фардӣ гуфта маҷмӯи воситаҳои техникии бо ҳам алоқаманди онро меноманд, ки онҳо вазифаҳои дохилкунӣ, коркард, нигаҳдорӣ ва хориҷкунии иттилоотро ба уҳда гирифтаанд”.
Модом ки сахтафзорҳо ин қадар вазифаҳои муҳимро иҷро мекунанд, албатта, бояд онҳоро нағз нигоҳ дорем. Охир, блоки системавӣ, экрани монитор, сафҳакалид, муш ва динамикҳо ҳар кадоме муомилаи махсусро талаб доранд. Чӣ тавре ки ба замин банохост меафтеду ягон ҷоятон лат мехӯрад ва шумо азоб мекашеду нағз фаъолият бурда наметавонед, қисмҳои компютер низ бо бепарвоии шумо “лат” хӯрданаш мумкин аст. “Эҳтиёт- гарави ҳаёт” гуфтаанд. Ягон қисми компютер камаҳамият нест, ҳамаи сахтафзорҳо заруриянд. Қисмҳои компютерро дар ягон ҷойи бисёр хуб бояд нигоҳ дорем. Мизе, ки сахтафзорҳо гузошта шудаанд, набояд ҷунбад, дар назди онҳо асбоби дигар ба мисли дарзмол, тӯб, чойники пурчой, обгина, гармидиҳандаи барқӣ ва ғайраро гузоштан қатъиян манъ аст. Дар ҷое, ки намиашон зиёд аст, ин асбоби беҳамтоятонро нагузоред. Дар болои ноутбук ва сахтафзорҳо гузоштани чизе мумкин нест. Хонаеро, ки дар он ҷо компютер гузошта шудааст, доимо бо чангкашак тоза карда истодан шарт ва зарур мебошад.
Ҳидоятулло АШӯРОВ,
директори Маркази ТИК-и
шаҳри Ҳисор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр