Нашрияи Омӯзгор

Суруди ифтихорафзо

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Имрӯз дар ҷаҳони пуртазод ҳодисаву воқеаҳои гуногуну хатарзо ба вуқӯъ пайваставу гурӯҳҳои ифтротгарову тундгарои динӣ ба вуҷуд омада истодаанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд наврасону ҷавононро, ки қишри камтаҷрибаи ҷомеа ҳастанд, ба доми хеш бикашанд. Дар ин замина тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи махсусро касб кардааст.

Дар муассисаҳои таълимӣ, ки махзани илму донишу маърифат ҳастанд, ба тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан зарур аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала барномаву санадҳои махсус, ки дар роҳи худшиносу худогоҳии наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшанд, ба тасвиб расонидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12.05.2018) таъкид доштанд, ки «ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну олимон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, нависандагону шоирон ва ходимони дин мебошад, ки аз ормонҳои ҳазорсолаи халқи озодихоҳи мо, нияти неки мардуми ватандӯстамон ва хазинаи бузурги маънавии ниёгони некномамон сарчашма мегирад».

Дарвоқеъ, яке аз муҳимтарин омилҳое, ки насли наврасро худшиносу худогоҳ  мекунад, эҳтиром ба рамзҳои давлатист. Рамзҳои миллиамон роҳи таърихии халқамонро бозгӯ намуда, нишони садоқату ифтихор, арҷгузорӣ, умеду боварӣ ба ояндаи дурахшон ва дӯст доштани Ватанро таҷассум мекунанд. Ба таври фарогир омӯзонидани рамзҳову муқаддасоти миллӣ ба наврасону ҷавонон ҳисси ифтихору меҳру муҳаббати беандозаи онҳоро нисбат ба Ватани азизамон бештар мегардонад. Дар ситоишу парастиш ва дӯст доштани рамзҳои давлатӣ адибони тоҷик осори зиёд эҷод кардаанд, ки метавон аз онҳо дар дарсҳои тарбиявӣ ба таври фарогир истифода нумуд.

Яке аз рамзҳои давлатӣ, ки бо хондану шунидани он ҳисси ифтихору ватандорӣ дар вуҷудамон ба таҳрик меояд, Суруди миллӣ мебошад. Ба қабули он соли равон 25 сол пур шуд. Ба ин  муносибат чорабиниву ҳамоишҳои пуршукӯҳ дар муассисаҳои таълимии кишвар баргузор гардиданд, ки баҳри шинохти бештари он мусоидат карданд. Борҳо шоҳид гаштаем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд ва ба ин муносибат бо барафрохтани Парчами давлатиамон Суруди миллии кишварамон садо медиҳад ва  варзишгаронамон бо хондани он бо ҳисси ифтихор дар чашмонашон ашки шодӣ ҷорӣ мешавад, дар ин ҳолат беихтиёр  мо, низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ онро  қироат мекунем. Ба ин дадел, пайваста қироат намудани Суруди миллӣ дар чорабиниву ҳамоишҳои илмию фарҳангии мактабиён метавонад дар ватандӯст гардидани онҳо саҳм гузорад.

Чандест, ки  омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳар субҳ машғулиятҳои худро бо қироати Суруди миллӣ оғоз мекунанд, ки ин ҷанбаи қавии тарбиявӣ дошта, насли наврасу ҷавонро меҳанпараст, миллатдӯст ва ҳамчун сарбози ояндаи нотарсу далери Ватан ба воя мерасонад ва гурӯҳҳои ифротгарову тундгарои  ҷиноятӣ наметавонанд онҳоро гумроҳ намоянд.

Шоистаи таъкид аст, ки бо хондани Суруди миллӣ наврасону ҷавонон аз таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик бештар огаҳ гардидида, моҳияти ҳифзи марзу бум ва дӯст доштани кишварро дарк менамоянд ва умеду боварӣ ва эътиқодашон ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз меафзояд.

Ҳамзамон, бо хондани Суруди миллӣ, ки дар ҳар як ҳарфу ҳиҷо ва калимаю ибораи он бо забони ноби тоҷикӣ Ватан ситоиш карда мешавад, дар қалби наврасону ҷавонон ғуруру сарбаландӣ ва ифтихор аз миллату давлати куҳанбунёди Тоҷикистон устувор мегардад. ҳамзамон ин амал дар тарбия ва омода намудани наврасону ҷавонон ба ҳимояи Ватан, гиромӣ доштани ҳар порча замин, хоку об ва сарватҳои кишвари маҳбуб нақши босазо мегузорад. Ин анъанаи хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар дигар шаҳру навоҳии кишвар паҳн намудан айни муддаост, зеро муҳассилин ҳамарӯза пеш аз оғози дарс ба таври зинда Суруди миллиро қироат намуда, бо номи Ватан-Тоҷикистон ба омӯзишу мутолиа мепардозанд. Матни Суруди миллӣ содаву равон буда, роҳи таърихии тайнамудаи мардуми тоҷикро маънидод карда, дӯстиву рафоқат ва ҳисси ватандӯстии мактаббачагонро бедор менамояд. Иқдоми мазкур, воқеан, ҳодисаи ифтихорафзо буда, идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дастгирии ташаббуси аҳли маорифи ВМКБ дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ҷавобгӯи манфиатҳои давлатию миллӣ мебошад.

Бо итминон метавон гуфт, ки ташаббуси аҳли маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аҳли маориф дастгирӣ менамоянд ва мудом дар ҳамоишу чорабиниҳо ва ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Суруди миллӣ аз ҷониби хонандагон бо оҳанги мутантан ва ифтихори баланди миллӣ садо хоҳад дод.

 

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш