Бо ёрии усулҳои гуногуни корҳои ислоҳӣ-тарбиявӣ омӯзгорони мактабҳои махсус муваффақ мешаванд, ки бисёр камбудиҳои рӯҳию равонии хонандагонро ҷуброн кунанд ва омодагии аксарияти онҳоро ба меҳнат дар истеҳсолот таъмин намоянд.
Дар ҳалли ин масъала олимон- дефектологҳо қайд кардаанд, ки кӯдаки ақлан заиф ба қобилияти рушди фарҳангӣ ва ташаккули функсияҳои олии психологӣ омода аст.
Солҳои охир низоми зарурии моддию техникӣ таъсис дода шуда, дар таълими меҳнат, робитаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ташкил карда шуд, ки ин имкон медиҳад раванди омӯзишро ба раванди истеҳсолот наздик намоянд. Корхонаҳои хурди хусусӣ таъсис гардиданд, дар истеҳсолот ҷойҳои корӣ ташкил карда шуд. Бо шарофати ташкили чунин тарзи меҳнат хонандагон фаҳмиши ҷойи кор, нақшаи истеҳсолот, сифати кор, захираҳои ашё ва кори оқилонаро дарк мекунанд. Ба хатмкунандагони чунин мактабҳо осонтар аст мутобиқ шудан ба истеҳсоли мол ва коллективҳои меҳнатӣ.
Баъзе сабабҳои нокифояи истифода бурдани неруи истеҳсолии хатмкунандагони мактабҳои фаръиро бояд қайд кунем. Бисёри онҳо сол аз сол танҳо устои чӯб, дӯзанда, харрот тайёр мекунанд. На ҳамеша хусусиятҳо ва қобилияти кӯдак ба назар гирифта мешавад. Номутаносибии касбӣ, ки хатмкунандагон эҳсос мекунанд, хоҳиши беҳтар кардани малакаҳои касбии онҳоро талаб мекунад. Таълими нуҳсола дар мактабҳои фаръӣ барои хатмкунандагон имкони бо ҷои кор таъмин гаштанро зиёд мекунад. Омӯзиши касбӣ аз ду марҳила иборат аст: меҳнати дастӣ дар синфҳои 1-4 ва таълими меҳнат дар синфҳои болоӣ. Ғайр аз ин, бо мақсади таҳсилоти меҳнатӣ, мактаббачагон дар кори фоиданоки ҷамъиятӣ иштирок мекунанд.
Системаи таълимии ҷорӣ се марҳиларо дар бар мегирад: меҳнати дастӣ дар синфҳои ибтидоӣ, кори фоиданоки ҷамъиятӣ дар синфи 4 ва омӯзиши касбӣ дар синфҳои болоӣ. Дар мадди аввал дар ин марҳила хусусиятҳои синну сол ва теъдоди хонандагон дар мактабҳои фаръӣ тағйир ёфтанд. Агар пештар ба синфи якум дар синни 8-9 қабул мекарданд, ҳоло таълим дар мактабҳои фаръӣ аз 7-солагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар синни 10 кӯдакон ба синфи 4 мераванд ва мувофиқи системаи мавҷудбуда ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд ва дар 11-солагӣ бошад, аз омӯзишӣ касбӣ таълим мегиранд. Таҷрибаи кори мактабҳои фаръӣ нишон медиҳад, ки дар ин синну сол талабагон ба чунин фаъолияти мураккаб омода нестанд. Кӯдакон дар ҳалли масъалаҳо бо истифода аз асбобҳо ва таҷҳизот танқисӣ мекашанд, дар натиҷа мустақилият ва ташаббуси онҳо коҳиш меёбад. Дар давоми сол бо ба роҳ мондани кори фоиданоки ҷамъиятӣ муаллим имкон надорад, ки ҳаматарафа таҳлил ва таҳқиқи сохтори кори меҳнатии хатмкунандаро омӯзад, нишондодҳои асосии психологию таълимиро баррасӣ кунад, инчунин, муайян кунад, ки қобилияти ақлӣ ва рӯҳии талаба ба касби ояндаи ӯ мувофиқат мекунад ё не. Ба ҳамин сабаб, омӯзгорон дар вақти муайян кардани қобилияти касбии хонанда одатан қарори худро бо тариқи истиснои ихтисосҳое, ки ба онҳо дастрас нест аз таҷрибаи кори худ қабул мекунанд. Ва дар охир хонандагон мактабро дар синни 15-16 хатм мекунанд ва омӯзиши касбиро мегиранд, ки дар ин синну сол инкишофи бештари ҷисмонӣ ва рӯҳии наврас рух медиҳад. Ин давраи мусоидест барои бо муваффақият анҷом додани таълими амалӣ ва махсусан, иҷтимоии наврасон. Барои баланд бардоштани самаранокии таълими маънавӣ ва касбии хонандагон бояд ташкили мактабҳои махсуси касбӣ дар асоси мактабҳои фаръии ҳаштсола ба роҳ монда шавад.
Диловар Абдулов,
омӯзгори мактаб-
интернати махсуси №2,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр