Нашрияи Омӯзгор

Паём илҳомбахш аст

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 835        Шарҳ: 0

Масоили мактабу маориф дар Паёми Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бисту шашуми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ироа карда шуд, мавриди диққати махсуси Сарвари давлат қарор ёфтааст.

Метавон гуфт, ки дар Паём як навъ барномаи рушду инкишофи соҳаи маориф дар давоми сол маҳсуб меёбад.

Президенти кишвар ёдовар гардиданд, ки Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, густариш ёфтани зуҳуроти ниҳоят хатарнок-терроризм ва экстремизм, боз ҳам тезутунд гардидани вазъи сиёсии сайёра ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодию молиявӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.

Воқеан, дар ин самт тӯли чанд соли охир, дар сартосари кишвар муассисаҳои зиёди таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат, танҳо соли 2018 дар ҷумҳурии мо, аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо теъдоди зиёда аз 73 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар ҳудуди муассисаҳои таълимии нав-сохт майдонҳо барои машқҳои варзишӣ, нуқтаи назоратӣ, ошхона, утоқҳои дамгирӣ барои омӯзгорон ва хуҷраи ёрирасон, толори варзишӣ, синфхонаҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ, англисӣ, немисӣ, омодагии ҳарбӣ, информатика, технологияи компютерӣ, озмоишгоҳҳои физикӣ, кимиёӣ, биологӣ, китобхона ва толори китобхонаҳои электронӣ сохта шуданд. Ин гуна навовариҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи кории мо, омӯзгорон ва дониш-андӯзии хонандагон шароити хубу мувофиқ фароҳам меорад. Дар назар аст, ки бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1100 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд мешавад.

Соҳаи маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлол мисли солҳои пешин мавқеи муҳим дорад ва дар марҳалае, ки буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ саросари оламро фаро гирифта, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, соҳаи маориф ягон монеа ё маҳдудият ҷорӣ нагардид. Ба мавзӯи донишомӯзии ҷавонон дахл карда, Президенти кишвар насли наврасро ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар ва дар баробари ин ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ даъват намуданд.

Президенти кишвар бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои таъмини пешрафти рушди соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникию табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани доираи васеи истифодаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла, шабакаи интернет дар низоми таҳсилот ва такмили малакаи педагогии омӯзгорон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Илова бар ин, таъкид бар он доштанд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли со- ҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад. Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон ва масъулони таълиму тарбия муроҷиат намуда, барои аз мактаб дур намондани фарзандон ва ба илму касбомӯзии онҳо диққати махсус доданро ёдовар шуданд.

Хушбахтона, ҳар Паёми Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф такони ҷиддие бахшида, боиси боло рафтани сифати таълиму тарбияи насли наврас мегардад.

Бобохон БОРОНОВ,

омӯзгори мактаби №58-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш