23-юми майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаи давлатии «Душанбе - плаза» конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо, ҷавонон» баргузор шуд.
Дар конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок доштанд. Нахуст раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ҷавонони кишвар ироа намуд.
Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ зикр намуд, ки имрӯз баҳри омӯхтани донишҳои замонавӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки аз имкониятҳои мусоид самаранок истифода баранд ва баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон хизмати шоиста намоянд.
Мунир МУТРИБ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр