Нашрияи Омӯзгор

Шӯриши таърихӣ

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Дар таърихи халқи тоҷик шӯриши миллию озодихоҳие, ки соли 1916 дар Хуҷанд ба амал омадааст, аҳамияти бузургии таърихӣ дорад. Зимни таълими мавзӯи «Шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916» аз фанни таърихи халқи тоҷик ман аз сарчашмаю адабиёти иловагӣ, нақли шоҳидони воқеаҳо, аз дафтари хотироти инқилобчиён ва дигар асноди истифода мекунам. Сабабҳои сар задании шӯришро ба хонандагон мефаҳмонам, ки худсарию бедодгарии ҳукуматдорони подшоҳии рус, таҳқири дин ва урфу одатҳои мардум, ба фоидаи муҳоҷирони рус кашида гирифтани замини мардуми маҳаллӣ, душвориҳои зиндагӣ, махсусан, зиёд будани андозҳо ва бераҳмиҳо ҳангоми рӯёндани андоз нафрату ғазаби мардумро нисбат ба сиёсати ҳукумати подшоҳӣ зиёд карда буд. Чунонки муаррихи барҷастаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» (қ.2) менигорад, 25 июни соли 1916 дар айни долузарби ҳосилғундорӣ фармони подшоҳӣ баромад, ки номаш ҳам гӯё қасдан муғлақ буд: «Дар бораи сафарбарии мардҳои аҳолии маҳаллии табааи империя ба кори сохтмони иншооти мудофиа дар маҳалли армияи амалкунанда ва ҳамчунин, барои анҷоми ҳама гуна корҳои барои мудофиаи давлат зарур»,

Мувофиқи яке аз моддаҳои ин фармон, аҳолии маҳаллии табааи империя тамоми мардҳои аз 19 то 44-солаи вилоятҳои Сирдарё, Фарғона, Самарқанд… ва дигар вилоятҳои кишвари Туркистон бояд сафарбар мешуданд. Ҳар як вилоят бояд мардикор медод. Ошӯбҳои аввалин дар шаҳри Хуҷанд сар шуданд. Уезди Хуҷанд бояд 9 ҳазор мардикор медод. 4-уми соли 1916 дар назди қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 нафар одам ҷамъ шуданд. Ҳозирон қатъӣ талаб карданд, ки тайёрӣ ё худ сафарбарии мардикорон бекор ё мавқуф гузошта шавад. Дар маҷаллаи «Востание 1916 года в Средней Азии и «Казахстане» (с. 1960) қайд шудааст, ки пешопеши ин намоиши Ҷӯра Зокиров ва Додобой Машарифов барин одамон мерафтанд. Аскарони ҳукуматӣ ба муқобили шӯришгарон бераҳмона тир мекушоянд. Шӯриш бераҳмона саркӯб карда шуд. Бо вуҷуди шикаст хӯрдани шӯриш он барои бедории шуурии сиёсии мардуми маҳаллӣ кумаки калон расонд.

 

Фароғат ИБРОҲИМОВА,

омӯзгор, ноҳияи Рӯдакӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш