Нашрияи Омӯзгор

«Некӣ кун, номат дар ҷаҳон монад»

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Инсоне, ки ба нафъи халқ зиндагию кор мекунад, дар ҷомеа ва назди мардум ҳамеша соҳибэҳтирому соҳибмақом аст ва аз беҳтарини касон дониста мешавад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин маврид мегӯяд:

 

Эй, ки пурсӣ, ки беҳтарин кас

кист,

Гӯям аз қавли беҳтарини касон:

«Беҳтарин кас касе бувад, ки

зи халқ

Беш бошад ба халқ нафърасон!»

Фидоии соҳаи маорифи ноҳияи Фархор Ганҷа Назаров аз ҳамин мақому сифати шоиста бархӯрдор буда, 63 соли умри бобаракати хешро ба кори таълиму тарбия ва ободонию созандагӣ бахшидааст.

Бино ба нақли фарзанди калонии Ганҷа Назаров, полковники мустаъфӣ, собиқ корманди Вазорати корҳои дохилӣ Тоҳирҷон Назаров айёми нав-расию ҷавонии падараш бо мушкилиҳо пушти сар шудаанд. Ва ҳамин сангиниҳои рӯзгор ӯро обутоб доду бо иродаи оҳанин дар зиндагӣ роҳи худро ёфт, бо ташаббускориҳо дар соҳаи маориф маъруф гашту дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Хушбахтии мардумро хушбахтии худ донисту соҳиби иззату эҳтиром гашт.

Дарвоқеъ, зиндагию корномаи ин марди наҷиб пур аз шебу фароз аст. Ӯ соли 1931 дар деҳаи зебоманзари Виёни ноҳияи Балҷувон, дар оилаи деҳқон ба дунё омада, маълумоти ибтидоиро дар ҳамон ҷо мегирад. Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ оғоз меёбаду падари Ганҷа амаки Назар низ дар қатори дигар фарзандони боору номуси Ватан ба фронт меравад ва дигар барнамегардад. Ба аҳли хонадон баъдтар маълум мегардад, ки амаки Назар ҳамроҳи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Саидқул Турдиев якҷоя меҷангидаасту дар яке аз муҳорибаҳо барои озод кардани Украина ҳалок шудааст. Аз ин ба баъд ҳаёти на он қадар хуши Ганҷа ва аҳли оилаашон боз ҳам вазнин мегардад, зеро Холаи Одинамоҳ - модари Ганҷа баъди омадани хатти сиёҳи шавҳараш зери бори ғаму дард аз дунё мегузарад. Хешу табор Ганҷа ва чор хоҳари хурдсолашро ба тарбияи худ мегиранд. Солҳои охири 40 мардуми деҳаи Виёнро ба ноҳияҳои Фархор ва Қизилмазор (ҳоло Темурмалик) муҳоҷир мекунанд. Хешу табори Ганҷа ба ноҳияи Темурмалик кӯч баста, ӯро барои идомаи таҳсил ба мактаб-интернати Танобчӣ месупоранд. Ҷудоӣ аз пайвандон барои Ганҷа гарчанде душвор буд, вале бо дастгирии мураббию омӯзгорон тавонист бо баҳои хубу аъло бихонад. Соли 1954 мактаб-интернатро бомуваффақият хатм мекунад. Ҳамон сол 30 нафар хатмкунандаи мактаб-интернат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд. Аз ҷумла, Ганҷа Назаров ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Баъди андаке таҳсил бо сабаби танқисии молиявӣ Ганҷа рухсатии академӣ мегираду ба ноҳияи Фархор омада, дар мактаби рақами 5-и ба номи М.И.Калинин дар вазифаи сарпешоҳанг корро шурӯъ мекунад. Касби омӯзгориро меписандад ва оҳиста-оҳиста зиндагиаш хубтар мешавад. Муҳаббат ба мактабу маориф минбаъд Ганҷа Назаровро ба Институти педагогии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҳоло донишгоҳ) мебарад ва донишҷӯи факултаи таърих мешавад. Дар донишгоҳ низ хубу аъло мехонду дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид. Ҳангоми донишҷӯӣ ҳодисаи хеле фарҳбахш дар ҳаёти ӯ ба вуқӯъ мепайвандад, яъне бо ҳамсабақаш Садаф Алиева хонадор мешавад. Онҳо то охири умр ҳамнафасу якҷо буданд. Ҳарду баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат барои кор ба ноҳияи Фархор меоянд.

Баъди чанде мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муъмин Қурбонов аз кордонии Ганҷа Назаров огоҳӣ ёфта, ӯро директори мактаби рақами 7-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин мекунад. Масъулияти роҳбарӣ аз омӯзгори қаторӣ дида, даҳчанд мебошад ва ба ҳар кас муяссар намегардад. Вале Ганҷа Назаров дониши хуби касбӣ дошт ва пайваста маҳорати мактабдориашро сайқал медод. Татбиқи барномаҳои таълимиро ҳамеша аз омӯзгорон талаб мекард. Назорати дохилимактабиро пурзӯр карда, ба дарсҳои омӯзгорон медаромад ва ҷиҳати шавқовару пурмазмун гузаронидани онҳо маслиҳатҳои методӣ медод. Дар шӯроҳои омӯзгорон аз муаллимони таҷрибадору пешқадам талаб мекард, ки барои маҳорати касбии омӯзгорони ҷавонро бардоштан масъалагузорӣ кунанд, то ин ки сифати таҳсилот таъмин бошад. Дар баробари ин, фаъолияти кумитаи падару модарон ва робитаи мактабу оиларо тақвият мебахшид. Дар ҷаласаҳои синфӣ ва умумимактабӣ падару модарон даъват шуда, аз донишу ахлоқи фарзандони худ огоҳӣ пайдо мекарданд ва тадбирҳои муҳим барои пешрафти кори таълиму тарбия дар мактаб андешида мешуданд.

Дар ин миён бо сабаби камии синфхонаҳо ва зиёд шудани сафи хонандагон мехоҳанд мактаби ӯро ба мактаби таҳсилоти асосӣ, яъне, 8-сола табдил диҳанд. Вале Ганҷа Назаров ташаббускорӣ нишон дода, бо дастгирии омӯзгорон ва аҳли деҳаҳо дар се моҳи таътили тобистона 6 синфхонаи барҳаво сохта, ҳамаро қоил мекунад. Аз ин иқдоми нек хурсандии мардуми деҳа, бахусус, хонандагони синфҳои болоиро ҳадду канор набуд. Зеро агар ин иқдом гирифта намешуд, онҳо ҳамарӯза 3 км роҳро тай карда, дар мактаби деҳаи ҳамсоя ба таҳсил машғул мешуданд. Албатта, тай кардани роҳи дароз дар рӯзҳои сармову боронгарӣ мушкилиҳои зиёдро барои онҳо ба бор меовард.

Ганҷа Назаров бо ин қаноатманд нагашта ҷиҳати муҳайё кардани шароити беҳтари таълиму тарбия дар пайи бунёди мактаби замонавӣ мешавад. Дар ин маврид чандин маротиба бо вазири маорифи вақт Рауф Дадабоев ва раиси колхози «40-солагии Октябр» Тошмурод Холмуродов ҳамсуҳбат мешавад ва онҳоро розӣ мекунонад. Ба хулоса меоянд, ки мактабро колхоз месозаду баъди ба истифода супурдан маблағашро Вазорати маориф пардохт мекунад. Мактаби замонавӣ борои 640 хонанда дар як баст ва дорои маҷлисгоҳ ва толори варзиш сохта мешавад. Синфхонаву кабинетҳои фаннӣ бо ҳама васоити таълимӣ таъмин мегарданд, вале маҷлисгоҳ холӣ мемонад. Барои дарёфти нишастгоҳҳо ва дигар ҷиҳози маҷлисгоҳ Ганҷа Назаров назди дӯсташ Халил Каримов, ки идораи таъминоти асосии (главснаб) вилоятро сарварӣ мекард, меравад. Бо ҳиммати дӯсти қадрдон маҷлисгоҳ бо 500 курсии театрӣ ва ҷиҳози зарурӣ таъмин мешавад.

Сохтмони ошхонаи мактаб аз ташвишҳои дигар буд, ки барои ба сомон расонидани он Ганҷа Назаров назди мудири шуъбаи хӯроки умумии ноҳия Шариф Миров ва мудири шуъбаи маориф Эмомқул Рӯзиев меравад. Ҳарду ваъда медиҳанд, ки мувофиқи имконият ёрӣ мерасонанд. Дере нагузашта, мудири маориф хабар мерасонад, ки ҳамаи асбобҳои зарурӣ барои ошхонаи мактаб омада шудаасту метавонад назди мудири шуъбаи хӯроки умумӣ рафта, онҳоро қабул кунад ва ҳамин тавр ҳам мешавад. То саршавии соли нави таҳсил Ганҷа Назаров барои 400 хонанда ва 60 нафар омӯзгор ошхонаи замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Ва ҳамин тариқ, бо даводавҳои зиёд ҳамаи шароитро барои таълиму тарбияи фарзандони мардум муҳайё карда, мактабро ба яке аз таълимгоҳҳои пешқадами ноҳияи Фархор табдил медиҳад.

Дар соҳаи маориф ташаббусҳои мактабдориву мактабшиносии Ганҷа Назаров ва дастовардҳои омӯзгорону шогирдонаш хеле зиёду шоистаи таҳсин мебошанд. Дари ин мактаби овозадор ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам (базавӣ) барои омӯзгорони ноҳияи Фархор ва як қисми ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳамеша боз буду дар хизмати онҳо қарор дошт. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат шогирдони ин мактаб баҳри ободии Ватан софдилона меҳнат мекунанд ва ифтихор аз он доранд, ки аз мактаби чунин шахси бузург сабақи донишу зиндагӣ гирифтаанд.

- Аълочии маорифи Тоҷикис-тон, устод Ганҷа Назаров, воқеан ҳам маорифпарвари асил ва соҳибмактаб буд. Ҳамчун омӯзгори ҷомеашинос дар байни мардум обрӯи калон дошт. 33 сол сарварии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Фархорро ба уҳда дошт ва ҷиҳати муҳайё кардани шароити мусоиди таълиму тарбия ҳамеша талош меварзид. Аз ҷумла, системаи кабинетиро дар мактаб ҷорӣ кард. Дар кабинетҳои фаннӣ (табиӣ- риёзӣ ва гуманитарӣ) омӯзгорони пуртаҷриба аз аёниятҳои таълимӣ фаровон истифода бурда, дарсҳои назариявӣ ва амалии худро дар сатҳи баланд мегузарониданд. Ба фаъолияти иттиҳодияҳои методии фаннӣ ва маҳфилҳои илмӣ-амалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Имрӯз дар сохторҳои гуногун шогирдони ин мактаб кору фаъолият доранд ва ман аз он ифтихор дорам, ки парвардаи мактаби ин устоди бузург мебошам, - мегӯяд бо ифтихор сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимхон Вализода.

Дар муҳити оилавӣ низ Ганҷа Назаров бо ҳамсари мушфиқу меҳрубонаш, муаллима Садафмоҳ Алиева муваффақ буданд. Ҳосили умри бобаракату ширини онҳо 6 фарзанд аст. Ҳамаи онҳо ки таълиму тарбияи хуб гирифтаанду дорои маълумоти олӣ мебошанд ва ҳар яке дар кору зиндагӣ пайраҳаи худро дорад. Фарзанди калонӣ Тоҳирҷон полковники мустафъӣ мебошад. Наврӯзҷон дар шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ хизмат мекунад. Наргис, Ҳафиза касби омӯзгориро интихоб карданд. Зафар  иқтисоддону Фарҳодҷон тоҷир аст.

20-уми феврали соли 2015 мактабе, ки Ганҷа Назаров умри азизи худро дар ободонии он бахшид, фазои идона дошт. Зиёда аз 500 нафар, аз ҷумла, ҳамкорону дӯстон, пайвандону шогирдон ба табрики 85-солагии Ганҷа Назаров омада буданд. Ҳар яке бо меҳру муҳаббати хоса аз фаъолияту корнамоиҳои устод Ганҷа Назаров сухан мекарданд. Вале соҳибҷашн бо он ки ҳастиаш дар кори таълиму тарбия обутоб ёфтааст, боз ҳам дар бораи соҳаи маориф ҳарф мезад ва маслиҳатҳои худро дареғ намедошт. Шукрона аз он мекард, ки сулҳу субот дар Тоҷикистони азиз пойдор аст ва соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат-соҳаи афзалиятнок эълон шудааст ва пуштибони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дареғо, ки фидоии соҳаи маориф Ганҷа Назаров имрӯз дар қайди ҳаёт нест. Ӯ 1 сентябри соли 2017 дар 87-солагӣ аз дунё даргузашт. Мардуми ноҳияи Фархор аз ташаббусҳои наҷиби ин шахсияти накуном (ёдаш ба хайр!) дар рушди соҳаи маориф ҳамеша бо самимияту эҳтироми хоса ёд мекунанд. Ва дар ин маврид ҳикмати халқ хеле мувофиқ аст: «Некӣ кун, номат дар ҷаҳон монад».

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш