Нашрияи Омӯзгор

Истеъдодҳоро дастгирӣ мебояд

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе хонандагони болаёқатро аз рӯйи бахшҳои гуногуни таълим фаро гирифта, барои рушди истеъдодҳо тамоми шароитро фароҳам овардааст. Соли равон бо дастгирии мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии чор ноҳияи шаҳри Душанбе Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия таъсис дода шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯз то рӯз теъдоди хонандагони боистеъдод зиёд шуда истодаанд. Ҳамасола дар Маркази рушди истеъдодҳо рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад, ки хонандагон донишу малакаи худро санҷида, ба бахши интихобкардаашон шомил гардида, истеъдоди худро сайқал медиҳанд. Аз рӯйи пешниҳоди директори Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе Низомномаи намунавии марказҳои илмӣ – амалии «Рушди истеъдодҳо» таҳия гардида, бо қарори мушовараи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 28.06.2019, №8/5 тасдиқ шуда, дастраси директорони муассисаҳои пойтахт гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар тамоми муассисаҳо ва литсею гимназияҳои пойтахт марказҳои илмӣ – амалии «Рушди истеъдодҳо» таъсис дода шаванд.

Дар семинар - машварате, ки дар Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе оид ба Низомномаи намунавии марказҳои илмӣ – амалии «Рушди истеъдодҳо» бо директорон ва шахсони масъули гурӯҳҳои олимпӣ ташкил карда шуд, директори Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе Асҳобиддини Шералӣ тамоми паҳлуҳои низомномаро шаҳр дода, ба масъулин пешниҳод намуд, ки дар фосилаи кӯтоҳ дар муассисаҳои худ марказҳоро омода созанд ва масъулинро тибқи фармоиш таъйин карда, нақша-чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, фаъолияташонро дар ҳамкорӣ бо Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия пеш баранд. Ҳадаф аз ташкили чунин марказҳо ҳар чӣ бештар дарёфти истеъдодҳо ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас мебошад.

Ҳама пешравӣ, дастовардҳо аз ҳамкорӣ бо марказҳо ба даст меояд. Соли хониши 2018 – 2019 бо пешниҳоди муовини директор оид ба илм ва инноватсия М.Нарзиқулов дар литсейи №3-и пойтахт барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз рӯйи 9 бахш гурӯҳҳои олимпӣ ташкил карда шуд ва ин гурӯҳҳо бо Маркази рушди истеъдодҳои шаҳр дар робитаанд. Натиҷаи ин ҳамкорӣ буд, ки дар соли хониши 2018 – 2019 дар олимпиадаи фаннии мактабиён (даври ҷумҳуриявӣ) шогирдони таълимгоҳи мо соҳиби 12 ҷойи намоён гардиданд.

Имсол низ дар литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, ки навтаъсис аст, аз рӯи 11 бахш гурӯҳи олимпӣ созмон дода шуд. Робитаи муассиса дар ҳамкорӣ бо Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст.

 

Рафоат ҚУВВАТОВА,

директори литсейи №3

барои хонандагони болаёқати  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш