Мо бо ин марди шариф дар маҳаллае зиндагӣ мекунем, ки номи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айниро дорад. Ду сол пеш ҳар саҳари барвақт медидам, ки ҷузвдони китобу дафтар дар даст, оҳиста-оҳиста, қадамзанон ба коргоҳаш – дабистони маркази шаҳраки Файзобод мерафт.
Медонистам, ки чанд сол пеш ба нафақа баромада буд, вале аз мактаб, аз шогирдон дил канда наметавонист, дурусттараш, роҳбарияти маориф муаллими соҳибтаҷрибаи худро «аз даст додан» намехост.
Ду сол боз, баъди 57 соли заҳмати омӯзгорӣ, ба ифодаи маъмул, давлати пирӣ меронад. Ба қавли худаш, «пойҳо аз гапгирӣ баромадаанду ғайрат ҳам кам шудааст».
Дирӯз дидам, ки дасти набера гирифта, шеваи роҳгардӣ ёд медиҳад. Саломамро бо эҳтиром, омӯзгорона алек гирифту ба набера ишоракунон, хушҳолона ба забон овард: «Ҳамин кор ҳам идомаи омӯзгорӣ аст…».
Тоҷиддин Ҳасанов, шахсест, ки дар маҳалла номашро бе вожаи «муаллим» касе ба забон намегирад: «хонаи муаллим Ҳасанов», «ҳамсари муаллим Ҳасанов», «набераи муаллим Ҳасанов» ва ба ҳамин монанд ҳарфу ҳиҷоҳои дилнавоз. Ӯ ба ин шараф бо хислати наҷиб, кори софдилона, заҳматкашӣ, дили бекинаю забони пок сазовор гардидааст.
Синни Тоҷиддин Ҳасанов ба ҳаштоду се расида. Омӯзгориро аз ҳаждасолагӣ, баъди хатми синфи даҳ сар кардааст. Дар ибтидо чор сол бо маълумоти миёна дар мактаби зодгоҳаш қошқарӣ (ҳоло Сино) ва мактабҳои рақамҳои 1 ва 7-и ноҳияи Файзобод аз математика таълим дод. Баъдан ба Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, соли 1968 онро бо ихтисоси муаллими математика хатм намуд.
Фаъолияти омӯзгории ӯ пас аз гирифтани тахассуси олии математикӣ аз ноҳияи Нурободи ҳозира, аз мактаби №8 сар мешавад. Воқеан, сабаби сар болои ин сатрҳо хам кардани банда таърифи як марди нурободӣ дар ҳаққи муаллим Тоҷиддин Ҳасанов шуд. Бо ӯ дар нақлиёте ҳамсуҳбат шудем. Ӯ аз Файзобод будани маро фаҳмида, «Муаллим Тоҷиддин Ҳасанов ҳаёт аст?», - гуфта пурсид. «Оре, ва умри дароз мебинад»,-эҳтироми ба муаллим доштаамро изҳор кардам ман. Марди ришдор шогирди синфҳои нуҳу даҳи муаллим Тоҷиддин Ҳасанов будааст. Аз ӯ бо эҳтироми хосса ҳарф зад: «Ин хел омӯзгорон ками каманд».
Тоҷиддин Ҳасанов дар Нуробод ду сол муаллимӣ карда, сипас, аз соли 1971 то 2016, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Файзобод ба хонандагон аз фанни риёзӣ дарс медиҳад. Дар ин миён чор сол мушовири шуъбаи маорифи ноҳия буд. Ӯ ба дарёфти нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои зиёд ноил гардидааст. Як даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳам буд.
Муаллим Тоҷиддин Ҳасанов шогирдони зиёд дорад ва инро беҳтарин дастоварди умри хеш медонад.
Чанд сол пеш, вақте дар ноҳия муассисаи таълимии «Гимназияи Файзобод»-ро таъсис доданд, Тоҷиддин Ҳасанов тариқи озмун ба ҳайси нахустин омӯзгори риёзии ин таълимгоҳ пазируфта шуд.
Тоҷиддин Ҳасанов, ки аз омӯзгорӣ обрӯю эътибор пайдо кард ва зиндагии осуда насибаш гардид, ягона фарзандаш Илҳомҷонро ба мактаби омӯзгорӣ ҳидоят намуд. Илҳомҷон низ ифтихормандона пешаи падарро пазируфт. Келини муаллим Соро Камолова низ дар мактаби рақами 1 ба номи Исмоили Сомонӣ ба толибилмони хурдсол дарс медиҳад. Ҳамсари муаллим як умр дар ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 5-и маркази шаҳраки Файзобод кор кард.
Тоҷиддин Ҳасанов омӯзгориро аз дигар касбу ихтисосҳо боло медонад. Барои ӯ омӯзгорӣ шоҳи ҳамаи тахассусҳост.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
рӯзноманигор, ноҳияи Файзобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр