Нашрияи Омӯзгор

Исм ва тарзи омӯзиши он

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Таълим дар синфҳои ибтидоӣ хусусияти хоси худро дошта, аз омӯзгор дониш ва таҷрибаи бойи педагогӣ талаб мекунад.

Ҳиссаҳои нутқ ба хонандагон аз синфи дуюм омӯзонида мешавад.  Хонандагон дар раванди дарс бо исм ҳамчун як ҳиссаи нутқ шинос мешаванд.

Омӯзгор ҷиҳати аз худ кардани мавзӯи мазкур ба шогирдон чунин савол медиҳад:

-Чаро саволҳои кӣ?, чӣ?, киҳо?, чиҳо? гузошта шудааст. Бачаҳо як лаҳза ба фикр фурӯ мераванд. Омӯзгор дар навбати худ мегӯяд:

-Аҳмад, Неъмат, Садбарг Саодат ба кадом саволҳо ҷавоб мешаванд? Вожаҳои номбурда исми хос, яъне, номи одамонанд. Ба исмҳои хос чиҳо дохил мешаванд? Омӯзгор ба бачаҳо ёрӣ расонда, мегӯяд, ки номҳои одамон, шаҳрҳо, дарёҳо, кӯҳҳо, воқеаҳои таърихӣ, асарҳои илмию бадеӣ, номи корхонаю муассисаҳо ба гурӯҳи исмҳои хос дохил мешаванд. Омӯзгор бояд моҳирона ба хонандагон эзоҳ диҳад, ки исмҳо боз танҳо низ мешаванд. Масалан, Аҳмад, китоб, дафтар, дарахт, бача мегӯем. Дар шакли ҷамъ бошад, китобҳо, дарахтон, бачаҳо, дафтарҳо мегӯем. Исмҳо, инчунин, ҷондору беҷон мешаванд ва шаклҳои ҷамъу танҳо доранд. Метавонем исмҳоро ба моддӣ ва маънӣ ҷудо намоем. Шояд хонандагон ба ин сарфаҳм нараванд, бинобар ин, омӯзгор шарҳ медиҳад, ки тамоми чизҳое, ки талаботи инсонро ба хӯрок, пӯшок, пойафзол, воситаҳои маишӣ қобилияти қонеъ гардондан доранд, чизҳои моддианд. Ашёҳое,  ки ба майна, шуур, маърифат ва  маданияти одамон қобилияти таъсиррасонӣ дорад, онҳоро исми маънӣ мегӯянд. Масалан, китоб, рӯзнома, қалам, кино, телевизор, компютер ва монанди инҳо. Омӯзгор шарҳ медиҳад, исмҳое, ки ҷондору беҷонро ифода мекунанд, метавонанд моддӣ бошанд. Чунончи, санг, об, ҳаво, нефт, пахта, себ, асп, фил, гӯсфанд ва монанди инҳо.

Исмҳоеро, ки аломат ҳолат ва ҳаракатро ифода мекунанд, исмҳои маънӣ (маъноӣ) меноманд. Аз қабили некӣ, муаллимӣ, сустӣ, хирад, ҷустуҷӯ, далерӣ ва ғайра. Исмҳое низ мавҷуданд, ки ҷузъи шуморавиашон бо адад ифода меёбад. 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ғайра.

Вобаста ба мавзӯъҳои ҳаррӯза агар аёниятҳо истифода бурда шавад, он боз хубтар дар хотираи хонанда нақш мебандад.

 

Рухсора САФАРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш