Нашрияи Омӯзгор

Забони ишора

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Барои ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони шунавоияшон суст, деркаршуда ва кар дар ҷумҳуриамон мактаб-интернатҳои махсус фаъолият менамоянд ва кӯдакони эҳтиёҷманд бояд дар чунин муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Дар таълимгоҳҳои махсуси зикргардида истифодаи забони ишора мавқеи калидӣ дошта, истифода ва  самаранок амалӣ кардани он дар ташаккули минбаъдаи кӯдакон нақши асосӣ мебозад. Ба ин кӯдакон истифодаи забони ишора чун обу ҳаво зарур буда, забони ишора ягона воситаи гуфтугӯ мебошад, ки кӯдакон тавассути он фикру андешаи худро баён намуда, ҳамчунин, фикру андешаи ҳамсуҳбатони худро дарк менамоянд.

Агар забони ишора дуруст ба роҳ монда шавад, зимни азхудкунии фанҳо кӯдакон ба мушкилӣ дучор намешаванд. Масалан, дар дарси математика кӯдакон тавассути забони ишора ба чор амали арифметикӣ шинос гардида, онҳо бо воситаи ишора аломатҳои ҷамъу тарҳ ва зарбу тақсимро аз бар менамоянд. Ҳамчунин, дар дарси хониш кӯдакон матнро хонда, мазмунашро бо ишора мефаҳманд.

Дар ҷараёни дарсҳо истифодаи воситаҳои аёнӣ низ аз фоида холӣ набуда, кӯдакон дар  расмҳо дарахт, кӯҳ, санг, об ва ғайраро мебинанд ва табиист, ки барои фаҳмонидани мазмуни ба чашм дидашуда истифодаи забони ишора лозим меояд. Маҳз тавассути забони ишора кӯдак мазмуни матни пешниҳодшударо дуруст дарк намуда, барои онҳо  азхудкунии фанҳо осон мешавад.

Тибқи нақша ва барномаи таълимӣ дар  муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсуси ношунавоёни шаҳри Душанбе омӯзиши дарси забони ишора аз синфи 2 ба роҳ монда шуда бошад ҳам, ба хотири мусоидати барвақтӣ омӯзгорон  ва мураббиёни муассиса ба кӯдакон аз рӯзи аввали ба муассиса қадам мондани онҳо кӯдаконро ба муқаддимаи забони ишора шинос менамоянд.

Пажӯҳиш ва таҳқиқоти илмӣ собит намудаанд, кӯдаконе, ки дар оилаҳои ношунаво ба дунё омадаанд ва худ низ ношунавоянд, зимни азхудкунии фанҳои дарсӣ пешсафанд, чунки онҳо аз синни тифлӣ бо забони ишора шинос мебошанд.

Аз ин бармеояд, ки забони ишора дар таълиму тарбияи кӯдакони кар, шунавоияшон суст ва деркаршуда мақоми хосса дошта, омӯзиши барвақтии он дар рушди минбаъдаи кӯдакони ҳамин гурӯҳ, алалхусус, дар инкишофи тафаккури зеҳнӣ ва мантиқии онҳо таъсири мусбат мерасонад.

 

Ҷамила Сулаймонова,

омӯзгори муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсуси

ношунавоёни

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш