Дар муассисаҳои томактабӣ дар давраҳои гуногуни синнусолӣ бо жанрҳои гуногуни фолклор-шеър, афсона, ҳикоя, чистон, зарбулмасалу мақол ҳамчунин, эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷик ва асарҳои тарҷумашудаи адибони рус ва дигар халқҳо шинос мешаванд. Яке аз шаклҳои маъмули васеъ намудани тасаввурот, дониш, маҳорат ва малакаҳои эҷодии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ташкил намудани чорабиниҳои адабию бадеӣ мебошанд. Дар тарбияи маънавиии кӯдакон чистонгӯӣ ва чистонёбӣ мавқеи асосӣ дорад. Чистонҳои зиёде вуҷуд доранд, ки эҷодкунандагони онҳо шахсони мушоҳидакор, нозукбин ва хушзеҳнанд, ба олам бо назари дақиқ чашм андохта, хислатҳои ҳодиса ва ашёро муқаррар менамоянд.
Мушоҳидаи манзараи гандумзор дар фасли баҳор, меҳнати калонсолон дар ҷамъоварии ғалла ва омода кардани орд.
Дар ҷараёни машғулият лаҳзаҳои дамгирӣ ва фароғат ба роҳ монда мешавад. Чунончӣ, кӯдакон метавонанд бо ҳаракат додани дастони худ тарзи алвонҷхӯрии хӯшаи гандумро иҷро кунанд. Ҳангоми ин амал метавонанд ягон порчаи шеъриро дар васфи гандум ё нон бисароянд, ё баъди мураббия мисраъҳоро такрор мекунанд. Масалан:
Сурхии рухсори мардум,
Гармии бозори мардум,
Ғайрати саршори мардум,
Нони гандум, нони гандум.
Зимни машғулият мураббия зарбулмасалу мақолҳоро дар васфи нон, қадру қимати он, меҳнатдӯстӣ истифода мекунад, чунончӣ, ин қабил мақолу зарбулмасалҳоро:
«Нон ҳам нону нонреза ҳам нон»,
«Нон-зеби дастархон,
«Аз одами бекор ҳама безор»,
«Як рӯзи баҳор, пур кунад анбор»
«Меҳнат кунӣ, роҳат бинӣ»
Ҷавоби чистонҳоро кӯдакон бо шавқ ҷустуҷӯ менамоянд.
Чистонҳо хотираро қавӣ гардонида, нутқи кӯдаконро инкишоф медиҳанд.
Ҷузъи дигари муҳими адабиёти бадеӣ ин тезгӯякҳо ҳастанд.
Тезгӯякгӯӣ баъзан вақт ба бозӣ мубаддал мегардад. Нимаи дуюми рӯз дар кӯдакистон барои чистонгӯӣ ва тезгӯякгӯӣ мувофиқ аст.
Сафармо Кокулова,
мураббияи ширхоргоҳ - кӯдакистони №117-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр